Ana SayfaMealler › Ayati
A
Ayati
Ayati meali ile okumaya başla
Tevbe 1 / 129
1
Худову паёмбараш безоранд аз мушриконе, ки бо онҳо паймон бастаед.
Ayati 9:1
2
Пас чаҳор моҳ ба шумо мӯҳлат дода шуд, ки дар ин сарзамин сайр кунед ва бидонед, ки аз Худо натавонед гурехт ва Ӯст, ки кофиронро расво месозад!
Ayati 9:2
3
Дар рӯзи ҳаҷҷи бузург аз ҷониби Худову паёмбараш ба мардум эълом мешавад, ки Худову паёмбараш аз мушрикон безоранд. Пас агар тавба кунед, бароятон беҳтар аст. Вале агар сарпечӣ кунед, бидонед, ки аз Худо натавонед гурехт. Ва кофиронро ба азобе дардовар хабар деҳ.
Ayati 9:3
4
Ғайри он гурӯҳ аз мушрикон, ки бо онҳо паймон бастаед ва дар паймони худ камбудие наёвардаанд ва бо хеҷ кас бар зидди шумо ҳамдаст нашудаанд. Бо инҳо ба паймони хеш то поёни муддаташ вафо кунед, зеро Худо парҳезгоронро дӯст дорад!
Ayati 9:4
5
Ва чун моҳҳои ҳаром ба поён расид, ҳар ҷо, ки мушриконро ёфтед, бикушед ва бигиреду ба ҳабс афканед ва дар ҳама ҷо ба каминашон нишинед. Аммо агар тавба карданд ва намоз хонданд ва закот доданд, аз онҳо даст бардоред, зеро Худо бахшандаву меҳрубон аст!
Ayati 9:5
6
Ва ҳар гоҳ яке аз мушрикон ба ту паноҳ овард, паноҳаш деҳ то каломи Худоро бишнавад, сипас ба макони амнаш бирасон, зеро инҳо мардуме нодонанд.
Ayati 9:6
7
Чӣ гуна мушриконро бо Худо ва паёмбари Ӯ паймоне бошад? Ғайри онҳое, ки назди Масҷидулҳаром бо онҳо паймон бастед. Агар бар сари паймонашон истоданд, бар сари паймонатон биистед. Худо парҳезгоронро дӯст дорад!
Ayati 9:7
8
Чӣ гуна паймоне бошад, ки агар бар шумо пирӯз шаванд, ба ҳеҷ аҳду савганд ва хешовандӣ вафо накунанд? Бо забоп хушнудатон месозанд ва дар дил сар мепечанд ва бештарин фосиқонанд.
Ayati 9:8
9
Оёти Худоро ба баҳои андак фурӯхтанд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд ва бадкорӣ карданд.
Ayati 9:9
10
Аҳду савганд ва хешовандии ҳеҷ мӯъминеро риоат намекунанд ва мардуме таҷовузкоранд.
Ayati 9:10
11
Пас агар тавба карданд ва намоз ба ҷой оварданд ва закот доданд, бародарони динии шумо ҳастанд. Мо оёти Худоро барои мардуме доно тафсил мекунем.
Ayati 9:11
12
Агар пас аз бастани паймон савганди худ шикастанд ва дар дини шумо таън заданд, бо пешвоёни куфр қитол кунед, ки онҳоро расми савганд нигоҳ доштан нест, бошад, ки аз кирдори худ бозистанд.
Ayati 9:12
13
Оё бо мардуме, ки еавганди худро шикастанд ва оҳанги бадарғаи паёмбар карданд ва онҳо бар зидди шумо душманӣ оғоз карданд, намеҷангед? Оё аз онҳо метарсед ва ҳол он ки агар имон оварда бошед, сазовортар аст, ки аз Худо битарседу бас.
Ayati 9:13
14
Бо онҳо биҷангед. Худо ба дасти шумо азобашон мекунад ва хорашон месозад ва шуморо пирӯзӣ медиҳад ва дилҳои мӯъминонро хунук мегардонад,
Ayati 9:14
15
ва кина аз дилҳояшон дур кунад ва Худо тавбаи ҳар киро, ки бихоҳад, мепазирад. Ва Худост донову ҳаким!
Ayati 9:15
16
Оё пиндоштаед, ки шуморо ба ҳоли худ вомегузоранд, бе он ки Худо касоне аз шуморо, ки ҷиҳод мекунанд ва ҷуз Худову паёмбараш ва мӯъминонро ба ҳамрозӣ намегиранд, маълум дорад? Ва Худо ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст!
Ayati 9:16
17
Мушриконро лоиқ нест, ки дар ҳоле, ки ба куфри худ иқрор мекунанд, масҷидҳои Худоро иморат кунанд. Аъмоли онҳо ночиз шуда ва дар оташ ҷовидонанд!
Ayati 9:17
18
Масҷидҳои Худоро касоне иморат мекунанд, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон овардаанд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва аз ғайри Худо наметарсанд. Умед аст, ки инҳо аз ҳидоятёфтагон бошанд!
Ayati 9:18
19
Оё об додан ба ҳоҷиён ва иморати Масҷидулҳаромро бо кардаи касе, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварда ва дар роҳи Худо ҷиҳод карда, баробар медонед? Назди Худо баробар нестанд ва Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад!
Ayati 9:19
20
Онон, ки имон оварданд ва муҳоҷират карданд ва дар роҳи Худо ба молу ҷони хеш ҷиҳод карданд, дар назди Худо дараҷаҳое азимтар доранд ва комёфтагонанд.
Ayati 9:20
21
Парвардигорашон ба раҳмату хушнудии худ ва ба биҳиште, ки дар он неъматҳои ҷовид бошад, хушхабарашон медиҳад.
Ayati 9:21
22
Дар он биҳишт ҷовидон бимонанд. Зеро аҷру музди бузург дар назди Худованд аст!
Ayati 9:22
23
Эй касоне, ки имон овардаед, агар падарону бародаронатон дӯст доранд, ки куфрро ба ҷои имон биинтихобанд, онҳоро ба дӯстӣ магиред ва ҳар кас аз шумо дӯсташон бидорад, аз ситамкорон хоҳад буд.
Ayati 9:23
24
Бигӯ: «Агар падаронатону фарзандонатон ва бародаронатону занонатон ва хешовандонатону амволе, ки ҷамъ кардед ва тиҷорате, ки аз қасоди он бим доред ва хонаҳое, ки бад-он дилхуш ҳастед, барои шумо аз Худову паёмбараш ва ҷиҳод кардан дар роҳи Ӯ дӯст доштанитар аст, мунтазир бошед, то Худо фармони худ биёварад». Ва Худо нофармононро ҳидоят нахоҳад кард!
Ayati 9:24
25
Худо шуморо дар бисёре аз ҷойҳо ёрӣ кард. Ва низ дар рӯзи Ҳунайн он гоҳ, ки бисёрии лашкаратон шуморо ба тааҷҷуб оварда буд, вале барои шумо суде надошт ва замин бо ҳамаи васеъияш бар шумо танг шуд ва бозгаштед ва ба душман пушт кардед.
Ayati 9:25
26
Он гоҳ Худо оромиши худро бар паёмбараш ва бар мӯъминон нозил кард ва лашкариёне, ки онҳоро намедидед, поён фиристод ва кофиронро азоб кард ва ин аст ҷазои кофирон.
Ayati 9:26
27
Аз он пас Худо тавбаи ҳар касро, ки бихоҳад, мепазирад, ки омурзанда ра меҳрубон аст!
Ayati 9:27
28
Эй касоне, ки имон овардаед, мушрикон палиданд ва аз соли баъд набояд ба Масҷидулҳаром наздик шаванд. Ва агар аз бенавоӣ метарсед. Худо агар бихоҳад, ба фазли хеш тавонгаратон хоҳад кард. Зеро Худо донову ҳаким аст!
Ayati 9:28
29
Бо касоне аз аҳли китоб, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон намеоваранд ва чизҳоеро, ки Худову паёмбараш ҳаром кардаст, бар худ ҳаром намекунанд ва дини ҳақро намепазиранд, ҷанг кунед, то он гоҳ ки ба дасти худ дар айни хорӣ ҷизя (хироҷ) бидиҳанд.
Ayati 9:29
30
Яҳуд гуфтанд, ки Узайр писари Худост ва насоро гуфтанд, ки Исо писари Худост. Ин сухан, ки мегӯянд, монанди гуфтори касонест, ки пеш аз ин кофир буданд. Худо бикушадашон. Чӣ гуна аз ҳақ гумроҳашон мекунанд?
Ayati 9:30