Ana SayfaMealler › Ayati
A
Ayati
Ayati meali ile okumaya başla
Enfal 1 / 75
1
Туро аз ғаноими (ғаниматҳои) ҷангӣ мепурсанд, бигӯ: «Ғаноими ҷангӣ азони Худову паёмбар аст. Пас агар аз мӯъминон ҳастед, аз Худой битарсед ва бо якдигар ба оштӣ зист кунед ва аз Худову паёмбараш фармон баред!»
Ayati 8:1
2
Мӯъминон касоне ҳастанд, ки чун номи Худо бурда шавад, хавф дилҳошонро фаро гирад ва чун оёти Худо бар онон хонда шавад, имонашон афзун гардад ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд,
Ayati 8:2
3
ҳамон касон, ки намоз мегузоранд ва аз он чӣ рӯзиашон додаем, садақа мекунанд.
Ayati 8:3
4
Инҳо мӯьминони ҳақиқи ҳастанд. Дар назди Парвардигорашон соҳиби дараҷотанд ва мағрифату ризқе некӯ.
Ayati 8:4
5
Ончунон буд, ки Парвардигорат туро аз хонаат ба ҳақ берун овард, ҳол он ки гурӯҳе аз мӯъминон нохушнуд буданд.
Ayati 8:5
6
Бо он ки ҳақиқат бар онҳо ошкор шуда дар бораи он бо ту муҷодала мекунанд, чунон қадам бармедоранд, ки гуё мебинанд, ки онҳоро ба сӯӣ марг мебаранд.
Ayati 8:6
7
Ва ба ёд ор он гоҳро, ки Худо ба шумо ваъда дод, ки яке аз он ду гурӯҳ ба дасти шумо афтад ва дӯст доштед, ки он гурӯҳ ки холӣ аз қудрат аст, ба дас ти шумо афтад, ҳол он ки Худо мехост ба суханони уд ҳақро бар ҷои худ нишонад ва решаи кофиронро қатъ кунад,
Ayati 8:7
8
ҳақро собит ва ноҳақро ночиз гардонад, ҳарчанд гуноҳкорон нохушнуд бошанд.
Ayati 8:8
9
Ва он гоҳ ки аз Парвардигоратон ёрӣ хостед ва Худо қабул кард, ки ман бо ҳазор фаришта, ки аз паи якдигар меоянд, ёриятон мекунам!
Ayati 8:9
10
Ва он корро Худо ҷуз барои шодмонии шумо накард ва то дилҳоятон ба он ором гирад. Ва ёрӣ танҳо аз сӯӣ Худост, ки Ӯ пирӯзманду ҳаким аст!
Ayati 8:10
11
Ва ба ёд ор он гоҳро, ки Худо чунон эминиатон дода буд, ки хобе сабук шуморо фурӯ гирифт ва аз осмон бароятон бороне борид, то шустушӯятон диҳад на васвасаи шайтонро аз шумо дур кунад ва дилҳоятонро қавӣ гардонад ва қадамҳоятонро устувор созад.
Ayati 8:11
12
Ва он гоҳро, ки Парвардигорат ба фариштагон ваҳй кард: «Ман бо шумоям Шумо мӯъминонро ба пойдорӣ водоред. Ман дар дилҳои кофирон бим хоҳам андохт. Бар гарданҳояшон бизанед ва ангуштонашонро қатъ кунед!»
Ayati 8:12
13
Зеро бо Худову паёмбараш ба мухолифат бархостанд. Ва ҳар ки бо Худову паёмбараш мухолифат варзад, бидонад, ки уқубати Худо сахт аст!
Ayati 8:13
14
Уқубатро бичашед ва азоби оташ аз они кофирон аст!
Ayati 8:14
15
Эй касоне, ки имон овардаед, чун кофиронро ҳамлавар дидед, ба гурез пушт накунед;
Ayati 8:15
16
ҷуз онҳо, ки барои ҳамлае бозмегарданд ё онҳо, ки ба ёрии гурӯҳе дигар мераванд, ҳар кас, ки пушт ба душман кунад, мавриди хашми Худо қарор ме-гирад ва ҷойгоҳи ӯ ҷаҳаннам аст ва ҷаҳаннам бад ҷойгоҳест!
Ayati 8:16
17
Шумо ононро намекуштед. Худо буд, ки онҳоро мекушт. Ва он гоҳ, ки тир меандохтӣ, ту тир намеандохтӣ, Худо буд, ки тир меандохт, то ба мӯъминон неъмате неку арзонӣ дорад, Албатта' Худо шунавову доност!
Ayati 8:17
18
Инчунин буд! Ва Худо сусткунандаи ҳилаи кофирон аст.
Ayati 8:18
19
Агар пирӯзӣ хоҳед, пирӯзиятон фаро расид ва агар аз куфр бозистед, бароятон беҳтар аст ва агар бозгардед, бозмегардем ва сипоҳи шумо ҳарчанд фаровон бошад, бароятон нафъе нахоҳад дошт, ки Ху до бо мӯъминон аст.
Ayati 8:19
20
Эй касоне, ки имон овардаед ба Худову паёмбараш итоъат кунед ва дар ҳоле, ки сухани Ӯро мешунавед, аз Ӯ рӯй бармагардонед.
Ayati 8:20
21
Ва аз онон мабошед, ки гуфтанд, ки шунидем, дар ҳоле, ки намешуниданд.
Ayati 8:21
22
Бадтарини ҷонварон дар назди Худо ин карону гунгон ҳастанд, ки дарнамеёбанд.
Ayati 8:22
23
Ва агар Худо хайре дар онон меёфт, шунавояшон месохт ва агар ҳам ононро шунаво сохта буд, боз ҳам бармегаштанд ва рӯйгардон мешуданд.
Ayati 8:23
24
Эй касоне, ки имон овардаед, чун Худову паёмбараш шуморо ба чизе даъват кунанд, ки зиндагиятон мебахшад, даъваташонро қабул кунед ва бидонед, ки Худо миёни одамӣ ва қалбаш ҳоил аст ва ҳама ба пешгоҳи Ӯ гирд оварда шавед!
Ayati 8:24
25
Ва битарсед аз фитнае, ки танҳо ситамкоронатонро дар бар нахоҳад гирифт ва бидонед, ки Худо ба сахтӣ уқубат мекунад!
Ayati 8:25
26
Ва ба ёд оваред он ҳангомро, ки андак будед ва д а р шумори хоршудагони ин сарзамин бими он доштед, ки мардум шуморо аз миён бардоранд ва Ху до паноҳатон дод ва ёрӣ кард ва пирӯз гардонид ва аз чизҳои покиза рӯзи дод, ки шояд шукр гӯед!
Ayati 8:26
27
Эй касоне, ки имон овардаед, медонед, ки набояд ба Худову паёмбар хиёнат кунед ва дар амонат набояд хиёнат кунед.
Ayati 8:27
28
Бидонед, ки молҳоятон ва фарзандонатон василаи озмоиши шумоянд ва музди бузург дар назди Худост.
Ayati 8:28
29
Эй касоне, ки имон овардаед, агар аз Худо би тарсед, шуморо биноии шинохти ҳақ аз ботил диҳад ва гуноҳонатонро нест кунад ва шуморо биёмурзад, ки соҳиби фазлу караме бузург аст!
Ayati 8:29
30
Ва он ҳангомро ба ёд овар, ки кофирон дар бораи ту макре карданд, то дар бандат афкананд ё бикушандат ё аз шаҳр берун созанд. Онон макр кар данд ва Худо низ макр кард ва Худо беҳтарини макркунандагон аст.
Ayati 8:30