1
Аз чӣ чиз (ҳамдигарро) мепурсанд?
2
Аз он хабари бузург, (қиёмат).
3
ки дар он ихтилоф мекунанд.
4
Оре, ба зудӣ хоҳад донист.
5
Боз ҳам, оре, ба зудӣ хоҳанд донист!
6
Оё Мо заминрро бистаре насохтем?
8
Ва шуморо ҷуфт-ҷуфт офаридем.
9
Ва хобатонро оссишатон гардонидем.
10
Ва шабро пӯшишатон қарор додем.
11
Ва рӯзро вақти талаби маъишат. (касб).
12
Ва бар болои саратон ҳафт осмони устувор бино кардем.
13
Ва чароғе равшан офаридем. (офтоб).
14
Аз абрҳои боронзой обе фаровон нозил кардем,
15
то бо он донаву набот бирӯёнем
16
ва бӯстонҳои анбӯҳ (сердарахт).
17
Албатта рӯзи доварӣ рӯзест муъайян.
18
Рӯзе, ки дар сур дамида шавад, ва шумо гурӯҳгурӯҳ биёед.
19
Осмон шикофта шавад ва ҳар шикоф даре бошад.
20
Ва куҳҳо равон шаванд ва сароб гарданд.
21
Ҷаҳаннам дар интизор бошад.
22
Саркашонро бозгаштангоҳест.
23
Замоне дароз дар он ҷо бошанд.
24
На хунукӣ чашанду на об,
25
фақат оби ҷӯшону хуну чирк. (нӯшанд).
26
Ин ҷазоест мувофиқи кирдор.
27
Зеро онон ба рӯзи ҳисоб умед надоштанд.
28
Ва оёти Моро ба сахтӣ дурӯғ мебароварданд.
29
Ва Мо ҳама чизро дар, китобе шумора кардаем.
30
Пас бичашед, ки фақат бар азоби шумо хоҳем афзуд!
Sonraki 10 ayet →