1
Ситоиш аз они Худовандест, ки осмонҳову заминро биёфарид ва торикиҳову рӯшноиро падидор кард, бо ин ҳама кофирон бо Парвардигори хеш дигареро баробар медоранд.
2
Ӯст, ки шуморо аз гил биёфарид ва умре муқаррар кард: муддате дар назди Ӯ муайян. Бо ин ҳама шубҳа мекунед.
3
Дар осмонҳову замин Ӯст, ки Худованд аст. Ниҳону ошкоратонро медонад ва аз кирдоратон огоҳ аст.
4
Ва ҳеҷ ояе аз оёти Парвардигорашон барояшон нозил нашуд, ҷуз он ки аз он рӯйгардон шуданд!
5
Чун сухани ҳақ бар онҳо арза шуд, дурӯғ бароварданд. Пас ба зудӣ хабари чизҳое, ки масхараашон мекарданд, ба онҳо хоҳад расид.
6
Оё надидаанд, ки пеш аз онҳо чӣ мардумеро ҳалок кардаем? Мардуме, ки дар, замин қудраташон дода будем, ончунон қудрате, ки ба шумо надодаем. Ва барояшон аз осмон боронҳои пайдарпай фиристодем ва рӯдҳо аз зери пояшон равон сохтем. Он гоҳ ба ҷазои гуноҳонашон ҳалокашон кардем ва пас аз онҳо мардуме дигар падид овардем.
7
Ҳатто агар китобе навишта бар рӯи коғаз бар ту нозил мекардем ва онро бо дасти хеш ламс мекарданд, боз ҳам он кофирон мегуфтанд, ки ин ҷуз ҷодуи ошкоро нест.
8
Ва гуфтанд: «Чаро фариштае бар ӯ нозил нашудааст?» Агар фариштае мефиристодем, кор ба поён мерасид ва ба онҳо ҳеҷ мӯҳлате дода намешуд.
9
Ва агар он паёмбарро аз миёни фариштагон меинтихобидем, боз ҳам ӯро ба сурати марде мефиристодсм ва ни халту (омезишу) иштибоҳ, ки пайдо карданд, нигоҳ медоштем.
10
Паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту буданд, масхара мекарданд. Пас масхаракунандагонро азобе, ки барои масхара карданашон буд, фурӯ шрифт.
11
Бигӯ: «Дар рӯи замин бигардед ва бингаред, ки поёни кори дурӯғбарорандагон чӣ гуна будааст».
12
Бигӯ: «Аз они кист он чӣ дар осмонҳову замин аст?» Бигӯ: «Аз они Худост! Бахшоишро бар худ муқаррар дошта, ҳамаи шуморо дар рӯзи қиёмат, ки дар он шубҳае нест, гирд меоварад. Онон, ки ба зиёни хеш кор кардаанд, имон намеоваранд.
13
Аз они Ӯст ҳар чӣ дар шабу рӯз ҷой дорад ва Ӯст шунавову доно!»
14
Бигӯ; «Оё дигаре ғайри Худо ба дӯстӣ гирам, ки офаринандаи осмонҳову замин аст ва мехӯронад ва ба таъом мӯтоҷ нест?» Бигӯ; Албатта ман фармон шудаам, ки нахустин касе бошам, ки таслими амри Худо шуда бошад. Пас аз мушрикон мабош!»
15
Бигӯ: «Аз азоби он рӯзи бузург метарсам, агар аз Парвардигорам фармон на барам!»
16
Дар он рӯз азобро аз ҳар кӣ бигардонанд, мавриди раҳмати Худо воқеъ шудааст ва ин комёбии ошкорест!
17
Агар Худо ба ту зараре бирасонад, ҳеҷ кас ҷуз Ӯ дафъаш натавонад кард ва агар ба ту хайре бирасонад, бар ҳар коре тавоност!
18
Ва Ӯст ғолибе болотар аз ҳамаи бандагони хеш ва донову огоҳ аст!
19
Бигӯ: Шоҳиди чӣ касе аз ҳар шоҳидӣ бузургтар аст?» Бигӯ: «Худо миёни ману шумо гувоҳ аст ва ин Қуръон бар ман ваҳй шудааст, то шуморо ва ҳар касро, ки ба Ӯ бирасад, бим диҳад. Оё шоҳидӣ медиҳед, ки: бо Оллоҳ худоёни дигаре ҳам ҳастанд?» Бигӯ: «Ман шоҳидӣ намедиҳам». Бигӯ: «Ҷуз ин нест, ки Ӯ худоест яктову аз он чӣ бо Ӯ шарик месозед, безорам!»
20
Аҳли китоб ӯро чунон мешиносанд, ки фарзандони худро, инҳо, ки ба худ зиён мерасонанд, имон намеоваранд.
21
Чӣ касест ситамкортар аз он, ки ба Худо дурӯғ мебандад ё оёти Ӯро дурӯғ мебарорад? Албатта ситамкоронро наҷотёбӣ нест!
22
Рӯзе ҳамаро гирд оварем, сипас ба онҳо, ки ширк овардаанд, бигӯем: «Он касон, ки мепиндоштед, ки шарикони Худоянд, акнун куҷоянд?»
23
Узре, ки меоваранд, ғайри ин нест, ки мегӯянд: «Савганд ба Худо, Парвардигори мо, ки мо мушрик набудаем!»
24
Бингар, ки чӣ гуна бар худ дурӯғ бастанд ва он дурӯғҳо, ки сохта буданд, ночиз гардид.
25
Баъзе аз онҳо ба сухани ту гӯш медиҳанд, вале Мо бар дилҳояшон пардаҳо афкандаем, то онро дарнаёбанд ва гушҳояшонро вазнин кардаем. Ва ҳар мӯъҷизаеро, ки бингаранд, ба он имон намеоваранд. Ва чун назди ту оянд, бо ту ба мунозара сар кунанд. Кофирон мегӯянд, ки инҳо чизе ҷуз афсонаҳои пешиниён нест.
26
Инҳо мардумро аз паёмбар бозмедоранд ва худ аз ӯ канора меҷӯянд ва ҳол он, ки намедонанд, ки танҳо хештанро ба ҳалокат мерасонанд.
27
Агар онҳоро дар он рӯз, ки баробари оташ нигоҳашон доштаанд, бингарӣ, мегӯянд: «Эй кош, моро бозгардонанд, то оёти Парвардигорамонро дурӯғ нагӯем ва аз мӯъминон бошем!»
28
На, он чиро, ки аз ин пеш пӯшида медоштанд, акнун бар онҳо ошкор шуда, агар онҳоро ба дунё бозгардонанд, боз ҳам ба ҳамон корҳо, ки манъашон карда буданд, бозмегарданд, инҳо дурӯғгӯёнанд.
29
Ва гуфтанд: «Ғайри ин зиндагии дунявии мо ҳеҷ нест ва мо дигар бор зинда нахоҳем шуд».
30
Ва агар бубинӣ он ҳангомро, ки дар баробари Парвардигорашон истодаанд. Худо мегӯяд: «Оё ин ба ҳақ набувад?» Гӯянд: «Оре, савганд ба Парвардигорамон!» Гӯяд,: «Ба ҷазои он, ки кофир будаед, азоби Худоро бичашед!»
Sonraki 30 ayet →