5
Офтобу моҳ ба ҳисобе муқаррар дар ҳаракатанд.
6
Ва гиёҳу дарахт саҷдааш мекунанд.
7
Осмонро барафрохт ва тарозуро барниҳод,
8
то дар тарозу таҷовуз накунед.
9
Вазн карданро ба адолат риъоят кунед ва камфурӯшӣ макунед!
10
Заминро барои мардум қарор дод.
11
Дар он меваҳост ва дарахтони хурмо бо хӯшаҳое, ки дар ғилофанд.
12
Ва донаҳое, ки ҳамроҳ бо команд ва низ гиёҳони хушбӯ.
13
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
14
Одамиро аз гили хушкшудае чун сафол биёфарид,
15
Ва ҷинро аз шӯълае бедуд.
16
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
17
Парвардигори ду машриқ ва Парвардигори ду мағриб.
18
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
19
Ду дарёро пеш ронд, то ба ҳам расиданд,
20
миёнашон пардаест то ба ҳам омехта нашаванд.
21
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигорагонро дурӯғ мешуморед?
22
Аз он ду марвориду марҷон берун меояд.
23
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
24
Ва Ӯрост киштиҳое монанди кӯҳ, ки дар дарё мераванд.
25
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
26
Ҳар чӣ бар рӯи замин аст, фонӣ (тамом) шуданист.
27
Ва зоти Парвардигори соҳиби бузургӣ ва икроми туст, ки боқӣ мемонад.
28
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
29
Ҳар кас, ки дар осмонҳову замин аст, пурсандаи даргоҳи Ӯст ва Ӯ ҳар рӯз дар корест.
30
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
Sonraki 30 ayet →