1
Қасам ба он ситора, чун пинҳон шуд,
2
ки ёри шумо на гумроҳ шуда ва на ба роҳи каҷ рафтааст.
3
Ва сухан аз рӯи ҳаво (ҳавас) намегӯяд.
4
Ин сухан фақат он чизест, ки ба ӯ ваҳй мешавад.
5
Ӯро он фариштаи пурқувват таълим додааст,
6
соҳибнерӯе, ки рост истод
7
ва Ӯ ба канораи балаыди осмон буд,
8
сипас наздик шуд ва бисёр наздик шуд
9
то ба қадри ду камон ё наздиктар.
10
Ва Худо ба бандаи худ ҳар чӣ бояд, ваҳй кунад, ваҳй кард.
11
Дил он чиро, ки, дид, дурӯғ нашумурд.
12
Оё дар он чӣ мебинад, бо Ӯ ҷидол (баҳс) мекунед?
13
Ӯро дигар бор ҳам бидид
14
назди сидратулмунтаҳо,
15
ки оромгоҳи биҳишт назди он дарахт аст.
16
Вақте ки сидраро чизе (нурҳои файзи илоҳӣ) дар худ мепӯшид,
17
чашм хато накард ва аз ҳад дарнагузашт.
18
Албатта баъзе аз оёти бузурги Парвардигорашро бидид.
19
Оё Лот ва Уззоро дидаед?
20
Ва Манот он бути саввуми дигарро?
21
Оё шуморо писар бошад ва Ӯро духтар?
22
Ин тақсимест ғайри одилона.
23
Инҳо чизе нестанд ғайри номҳое, ки худ ва падаронатон ба онҳо додаед. Ва Худованд ҳеҷ далеле бар онҳо нафиристодааст. Танҳо аз паи гумону ҳавои нафси худ мераванд ва хол он ки аз ҷониби Худо роҳнамоияшон кардаанд.
24
Оё ҳарчи одами орзу кунад, барояш ҳосил аст?
25
Ҳам охират ва ҳам дунё аз они Худост.
26
Ва чӣ бисёр фариштагон дар осмонанд, ки шафоъаташон ҳеҷ нафъ надиҳад, лекин аз он пас, ки Худо барои ҳар кӣ хоҳад, рухсат диҳад ва хушнуд бошад. (нафъ кунад).
27
Онон, ки ба охират имон надоранд, фариштагонро ба номҳои занон меноманд.
28
Инҳоро ба он чӣ мегӯянд, ҳеҷ донише нест. Танҳо аз гумони худ пайравӣ мекунанд ва гумон барои шинохти ҳақиқат кофӣ нест!
29
Пас ту низ аз касе, ки аз сухани Мо рӯйгардон мешавад ва ғайри зиндагии дунявиро намеҷӯяд, рӯй гардон.
30
Ниҳояти донишашон ҳамин аст. Парвардигори ту ба он касе ки аз роҳи Ӯ гумроҳ мешавад ё ба роҳи ҳидоят меафтад, донотар аст.
Sonraki 30 ayet →