Ana SayfaMealler › Ayati
A
Ayati
Ayati meali ile okumaya başla
Muhammed 1 / 38
1
Худо амалҳои касонеро, ки кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд, ботил сохтааст.
Ayati 47:1
2
Худо гуноҳи касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва ба он чӣ бар Муҳаммад нозил шуда, — ки он ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорашон, — имон овардаанд, аз онҳо дур кард ва корҳояшонро ба салоҳ овард.
Ayati 47:2
3
Ва ин ба он сабаб аст, ки кофирон ба ботил пайравӣ карданд ва онон, ки имон оварданд, ба ҳаққе, ки аз ҷониби Парвардигорашон омада буд, пайравӣ кардаанд. Худо барои мардум инчунин мисол меорад.
Ayati 47:3
4
Чун бо кофирон рӯбарӯ шудед, гарданашонро бизанед. Ва чун онҳоро сахт фурӯ кӯфтед, асирашон кунед ва сахт бибандед. Он гоҳ ё ба миннат озод кумед ё ба фидя (ба ивази пул). То он гоҳ, ки ҷанг ба поён ояд. Ва ин аст ҳукми Худо. Ва агар Худо мехост, аз онон интиқом мегирифт, вале хост то шуморо ба якдигар биёзмояд. Ва онон, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, амалҳояшонро ботил намекунад.
Ayati 47:4
5
Ба зуди, ки ҳидояташон кунад ва корҳояшонро ба салоҳ оварад.
Ayati 47:5
6
Ва ба биҳиште, ки барояшон васф кардааст, дохилашон созад.
Ayati 47:6
7
Эй касоне, ки имон овардаед, агар Худоро ёрӣ кунед, шуморо ёрӣ хоҳад кард ва пойдорӣ хоҳад бахшид.
Ayati 47:7
8
Ҳалокату шӯрбахтӣ бод бар кофирон. Худо амалҳояшонро ботил кардааст.
Ayati 47:8
9
Зеро онон чизеро, ки Худо нозил кардааст, нохуш доранд. Худо низ амалҳояшонро нобуд кард.
Ayati 47:9
10
Оё дар замин сайр накардаанд, то бингаранд, ки оқибати касоне, ки пеш аз онҳо будаанд, чӣ гуна будааст? Худо ҳалокашон кард ва кофирон низ оқибате ончунон хоҳанд дошт.
Ayati 47:10
11
Ин ба он сабаб аст, ки Худо ёвари 'касонест, ки имон овардаанд. Ва кофиронро ҳеҷ ёваре нест.
Ayati 47:11
12
Худо касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, ба биҳиштҳое, ки наҳрҳо аз он порист, дохил хоҳад кард. Ва кофирон аз ин ҷаҳон баҳраманд мешаванд ва чун чорпоён мехӯранд ва ҷойгоҳашон оташ аст.
Ayati 47:12
13
Чӣ қарияҳое (деҳаҳое), ки мардумаш аз мардуми қарияи ту, ки аз он берунат карданд, хеле пурқувваттар буданд, ки ҳалокашон кардем ва ҳеҷ ёрикунандае надоштанд.
Ayati 47:13
14
Оё касе, ки аз ҷониби Парвардигораш далели равшане дорад, монанди касонест, ки кирдори бадашон дар назарашон ороста шуда ва аз паи ҳавоҳои худ мераванд?
Ayati 47:14
15
Васфи биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шуда, ин аст, ки дар он наҳрҳоест аз обҳое тағйирнопазир ва наҳрҳое аз шире, ки таъмаш дигаргун намешавад ва наҳрҳое аз шароб, ки ошомандагон аз он лаззат мебаранд ва наҳрҳое аз асали мусаффо. Ва дар он ҷо ҳар гуна мева, ки бихоҳанд, ҳаст ва низ бахшоиши Парвардигорашон. Оё биҳиштиён монанди касоне ҳастанд, ки дар оташи ҷовидонаанд ва ононро аз обе ҷӯшон меошомананд, чунон ки рудаҳояшон тика-тика мешавад?
Ayati 47:15
16
Баъзе ба ту гӯш медиҳанд, то он гоҳ ки аз назди ту берун раванд, аз донишмандон мепурсанд: «Ин чӣ суханоне буд, ки мегуфт?» Худо бар дилҳояшон мӯҳр ниҳодааст ва аз паи ҳавоҳои худ рафтаанд.
Ayati 47:16
17
Онон, ки ҳидоят ёфтаанд, Худо ба ҳидояташон меафзояд ва парҳезгорияшон ато мекунад.
Ayati 47:17
18
Оё танҳо мунтазири онанд, ки ба ногоҳ қиёмат фаро расад? Ҳар оина (Албатта) нишонаҳои қиёмат ошкор шудааст. Ва чун фаро расад, панд гирифтанашонро чӣ фоида?
Ayati 47:18
19
Пас бидон, ки ҳеҷ худое ҷуз Оллоҳ нест. Аз гуноҳи худ ва аз гуноҳи мардону занони мӯъмин бахшоиш бихоҳ. Худо медонад, ки рӯз ба куҷо меравед ва шаб ба куҷо меоромед,
Ayati 47:19
20
Касоне, ки имон овардаанд, мегӯянд: «Чаро аз ҷониби Худо сурае нозил намешавад?» Чун сурае аз муҳқамот нозил шавад, ки дар оя сухан аз ҷанг рафта бошад, ононро, ки дар дилашон маразе ҳаст, бинӣ, ки чун касе, ки беҳушии марг бар ӯ ғолиб шуда, ба ту менигаранд. Пас барояшоя шоистатар
Ayati 47:20
21
фармонбардорист ва сухани некӯ гуфтан. Ва чун тасмим ба ҷанг гирифта шуд, агар бо Худо садоқат кунанд, барояшон беҳтар аст.
Ayati 47:21
22
Оё агар ба ҳукумат расидед, мехоҳед дар замин фасод кунед ва пайванди хешовандиятонро бибуред?
Ayati 47:22
23
Инҳоанд, ки Худо лаънаташон кардааст ва гӯшҳояшонро кару чашмонашонро кӯр сохтааст.
Ayati 47:23
24
Оё дар Қуръон намеандешанд ё бар дилҳояшон қуфлҳост?
Ayati 47:24
25
Шайтон амалҳои касонеро, ки баъд аз ошкор шудани роҳи ҳидоят муртад шуданд (аз дин гаштанд) ва бозгаштанд, дар назарашон биёрост ва орзуяшон дароз кард.
Ayati 47:25
26
Ва ин ба он сабаб аст, ки ба он гурӯҳ, ки оёти Худоро нохуш медоштанд, мегуфтанд: «Мо дар баъзе аз корҳо фармонбардори шумо ҳастем. Ва Худо аз розашон огоҳ аст.
Ayati 47:26
27
Чӣ гунаанд, он гоҳ ки фариштагон онҳоро мемиронанд ва бар рӯ ва пуштҳояшон мезананд?
Ayati 47:27
28
Ин ба ҷазои он аст, ки ба он чӣ Худоро ба хашм меоварад, пайравӣ мекардаанд ва ба он чӣ хушнудаш месохта, бадбинӣ доштаанд. Худо низ амалҳояшонро нобуд кард.
Ayati 47:28
29
Оё онон, ки дар дилашон маразест, мепиндоранд, ки Худо кинаеро, ки дар дил пинҳон доранд, ошкор нахоҳад кард?
Ayati 47:29
30
Агар бихоҳем, онҳоро ба ту менамоёнем ва ту онҳоро ба симояшон 'ё аз шеваи суханашон хоҳӣ шинохт ва Худо аз амалҳоятон огоҳ аст.
Ayati 47:30