1
Эй паёмбар, аз Худо битарс ва ба кофирону мунофиқон итоъат макун. Зеро Худо донову ҳаким аст!
2
Ба ҳар чӣ аз Парвардигорат ба ту ваҳй мешавад, итоъат кун. Зеро Худо ба он чӣ мекунед, огоҳ аст.
3
Ва бар Худо таваккал кун, зеро Худо корсозиро басанда аст.
4
Худо дар даруни ҳеҷ мярде ду қалб наниҳодааст. Ва занонатонро, ки модари худ мехонед, модаратон қарор надод ва фарзандхондагонатонро фарзандонатон насохт. Инҳо чизҳоест, ки ба забои мегӯед ва сухани ҳақ аз они Худост ва Ӯст, ки роҳ менамояд.
5
Писархондагонро ба номи падарашон бихонед, ки дар назди Худо мувофиқи инсоф аст. Агар падарашонро намешиносед, бародарони динӣ ва маволии (дӯстони) шумо бошанд. Агар пеш аз ин хатое кардаед, боке нест, магар он, ки ба қасди дил кунед. Ва Худо бахщояндаву меҳрубон аст!
6
Паёмбар ба мӯъминон аз худашон сазовортар аст ва занонаш модарони мӯъминон ҳастанд ва дар китоби Худо хешовандони насабӣ аз мӯъминону муҳоҷирон ба якдигар сазовортаранд, ғайри он, ки бихоҳед ба яке аз дӯстони худ некӣ кунед. Ва ин ҳукм дар китоби Худо мактуб аст.
7
Ва он ҳангом, ки аз паёмбарон паймон гирифтем ва аз туву аз Нӯҳ ва Иброҳим ва Мӯсо ва Исо бинни Марям ва аз ҳамаи онҳо паймоне сахт гирифтем,
8
то ростгӯёнро аз сидқашон бипурсад ва барои кофирон азобе дардовар муҳайё кардааст.
9
Эй касоне, ки имон овардаед, аз неъмате, ки Худо ба шумо додааст, ёд кунед, ба он ҳангом, ки лашкарҳо бар сари шумо ҳуҷум карданд ва Мо бодро ва лашкарҳоеро, ки намедидед, бар сарашон фиристодем ва Худо ба он чӣ мекардед, бино буд!
10
Он гоҳ ки аз самти боло ва аз самти поин бар шумо тохтанд, чашмҳо хира шуд ва дилҳо ба гулӯ расида буд ва ба Худо гумонҳои гуногун мебурдед.
11
Дар он ҷо мӯъминон имтиҳон карда шуданд ва сахт такон хӯрданд!
12
Зеро мунофиқон ва онҳое, ки дар дилҳояшон беморист мегуфтанд: «Худо ва паёмбараш ғайри фиреб ба мо ваъдае надодаанд!»
13
Ва гурӯҳе аз онҳо гуфтанд: «Эй мардуми Ясриб, ин ҷо ҷои монданатон нест. Бозгардед». Ва гурӯҳе аз онҳо аз паёмбар рухсат талабиданд. Мегуфтанд: «Хонаҳои моро ҳифзкунандае нест». Хонаҳояшон беҳифзкунанда набуд, мехостанд бигурезанд.
14
Ва агар аз атроф хонаҳояшонро муҳосира кунанд ва аз онҳо бихоханд, ки кофир шаванд, кофир хоҳанд шуд ва андаке ҳам мӯҳлат раво нахоҳанд гузаронд.
15
Инҳо пеш аз ин бо Худо паймон баста буданд, ки дар ҷанг ба душман пушт накунанд. Худо аз паймони худ бозхост хоҳад кард.
16
Бигӯ: «Агар аз марг ё кушта шудан бигурегед, ҳаргиз гурехтан нафъатон надиҳад. Ва он гоҳ аз зиндагӣ ғайри андаке баҳраманд нахоҳед шуд».
17
Бигӯ: «Агар Худо бароятон қасди баде дошта бошад ё бихоҳад ба шумо раҳмате арзонӣ дорад, кист, ки шуморо аз иродаи Ӯ нигаҳ дорад?» Онҳо ғайри Худо барои худ дӯсту мададкоре нахоҳанд ёфт.
18
Худо медонад чӣ касоне аз шумо мардумро аз ҷанг бозмедоранд. 'Ва низ мешиносад касоноро, ки ба бародарони худ мегӯянд: «Ба назди мо биёед». Ва ғайри андаке ба ҷанг намеоянд.
19
Ҳар чизеро аз шумо дареғ медоранд ва ҷуи тарсу хафв ояд, бинӣ, ки ба ту менигаранд ва чашмонашон (аз тарси и марг) давр мезанад мисли касе, ки аз марг беҳуш туда бошад, Ва чун ваҳшат аз миён биревад, аз ҳирси ғаниматҳо бо забони тези худ биранҷонадатон. Инҳо имон наёвардаанд. Ва Худо амалҳояшонро нобуд кардааст ва ин кор бар Худо осон будааст.
20
Мепиндоранд, ки лашкари кофирон нарафтааст. Ва агар он лашкарҳо бозмеомаданд, орзу мекарданд, ки кош дар миёни аъроби бодиянишин мебуданд ва ҳамеша аз ахбори шумо мепурсиданд. Агар ҳам дар миёни шумо мебуданд, ғайри андаке ҷанг намекарданд.
21
Барои шумо агар ба Худо ва рӯзи қиёмат умед медоред ва Худоро фаровон ёд мекунед, дар симои расулуллоҳ муқтадои (пешвои) писандидаест, мебинед.
22
Ва чун мӯъминон он гурӯҳҳоро диданд, гуфтанд: Ин ҳамон чизест, ки Худо ва паёмбараш ба мо ваъда додаанд ва Худову паёмбараш рост гуфтаанд». Ва имон ва таслимашон зоид шуд.
23
Аз мӯъминон мардоне ҳастанд, ки ба паймоне, ки ба Худо баста буданд, вафо карданд. Баъзе бар сари паймони худ ҷон бохтанд ва баъзе чашм ба роҳанд ва ҳеҷ паймони худ дигаргун накардаанд.
24
То Худо ростгӯёнро ба сабаби ростии гуфторашон музд диҳад ва мунофиқонро агар хоҳад азоб кунад ё тавбаи онҳоро бипазирад, ки Худо бахшояндаву меҳрубон аст!
25
Худо кофирони хашмгирифтаро бозпас гардонид. Инҳо ба ҳеҷ ғанимате даст наёфтанд. Ва дар майдони ҷанг мӯъминонро Худо кифоя аст. Зеро Худо пуртавону ғолиб аст!
26
Аз аҳли китоб он гурӯҳро, ки ба ёриашон бархоста буданд, аз қалъаҳояшон фуруд овард ва дар дилҳояшон бим афканд. Гурӯҳеро куштед ва гурӯҳеро ба асорат гирифтед.
27
Худо замину хонаҳо ва молҳояшон ва заминҳоеро, ки бар онҳо пой наниҳодаед, ба шумо мерос гузошт. Ва Худо бар ҳар коре тавоност!
28
Эй паёмбар, ба занонат бигӯ: «Агар хоҳони зиндагии дунё ва зинатҳои он ҳастед, биёед, то шуморо баҳраманд созам ва ба тарзи некӯ раҳоятон кунам,
29
ва агар хоҳони Худову паёмбари Ӯ ва сарои охират ҳастед, Худо ба некӯкоронатон подоше (мукофоте) бузург хоҳад дод.
30
Эй занони паёмбар, ҳар кас аз шумо кори зишти сазовори уқубат, кунад. Худо азоби ӯро ду баробар мекунад. Ва ин бар Худо осон аст.
Sonraki 30 ayet →