3
дар наздики ин сарзамин ва пас аз мағлуб шудан бори дигар ғолиб хоҳанд шуд
4
дар муддати чанд сол. Фармон, фармони Худост, чӣ пеш аз пирӯзӣ ва чӣ баъд аз он. Ва дар он рӯз мӯъминон шодмон мешаванд
5
ба ёрии Худо. Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ёрӣ мекунад, зеро ғолибу меҳрубон аст!
6
Худо ваъда додааст, ба ваъдаи худ хилоф накунад, вале бештари мардум намедонанд.
7
Онон ба зоҳири зиндагии дунё огоҳанд ва аз охират бехабаранд.
8
Оё бо худ намеандешанд, ки Худо осмонҳову заминро ва ҳар чӣ дар миёни онҳост, ба ҳақ ва то муддате маҳдуд, офаридааст? Ва бисёре аз мардум ба дидори Парвардигорашон имон надоранд.
9
Оё дар замин намегарданд, то бингаранд, ки чӣ гуна будааст оқибати касоне, ки пеш аз онҳо зистаанд? Касоне, ки тавонашон бештар будааст ва заминро ба шудгор задан зеру рӯ карда ва бештар аз инҳо ободаш сохта буданд ва паёмбароне бо мӯъҷизаҳо бар онҳо фиристода шуда буд. Худо ба онҳо зулм намекард, онон худ ба худашон зулм мекарданд.
10
Сипас оқибати он касон, ки корҳои бад карданд, ногувортар буд. Зеро инҳо оёти Худоро дурӯғ бароварданд ва онҳоро ба масхара гирифтанд.
11
Худо мавҷудотро меофаринад, он гоҳ дигар бора бозмегардонад, он гоҳ ҳама ба сӯи Ӯ бозгардонда мешавед.
12
Рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, гуноҳкорон ҳайратзада бимонанд.
13
Онҳоро аз миёни бутонашон шафеъоне (наҷотдиҳандае) нест. Ва дигар ба бутони худ бовар надоранд.
14
Ва чун қиёмат барпо шавад, дар он рӯз аз якдигар чудо шаванд (мӯъминон аз кофирон).
15
Аммо онҳо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар ҷаннат ба шодмонӣ бархӯрдоранд.
16
Ва аммо онҳое, ки кофир шудаанд ва оёти Моро дурӯғ мебароранд ва дидори охиратро дурӯғ мепиндоранд, ҳамаро дар азоб ҳозир оранд.
17
Худоро биситоед, ба он ҳангом ки ба шаб дармеоед ва ба он ҳангом ки ба субҳ дармеоед.
18
Шукр Ӯрост дар осмонҳову замин, ба ҳангоми шаб ва ба ҳангоме ки ба нимрӯз мерасед.
19
Зиндаро аз мурда берун орад ва мурдаро аз зинда. Ва заминро пас аз мурданаш зинда месозад ва шумо низ инчунин аз гӯрҳо берун мешавед.
20
Аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки шуморо аз хок биёфарид то инсон шудед ва ба ҳар сӯ пароканда гаштед.
21
Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки бароятон аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то ба онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дӯстиву меҳрубонӣ ниҳод. Дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки тафаккур мекунанд,
22
Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст офариниши осмонҳову замин ва гуногунии забонҳову рангҳоятон. Дар ин ибратҳоест барои доноён.
23
Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯ хобидани шумост дар шаб ва рӯз ба талаби рӯзӣ бархостани шумост. Дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки мешунаванд.
24
Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки барқро ба қасди биму умед ба шумо менамоёнад. Ва аз осмон борон мефиристад то замини мурдаро ба он зинда созад. Дар ин ибратҳоест барои касоне, ки ба ақл дармеёбанд.
25
Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки осмону замин ба фармони Ӯ барпой истодаанд. Сипас вақте, ки шуморо аз замин фаро мехонад, шумо аз замин берун меоед.
26
Аз они Ӯст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва ҳама фармонбардори Ӯ ҳастанд.
27
Ӯст, ки мавҷудотро меофаринад, сипас онҳоро бозмегардонад. Ва ин кор бар Ӯ осонтар аст. Ӯрост сифати бартарӣ дар осмонҳову замин ва Ӯст ғолибу ҳаким!
28
Барои шумо аз худатон мисоле меоварад: магар бандагонатон дар он чӣ ба шумо рӯзӣ додаем, бо шумо шарик ҳастанд, то дар мол бо шумо баробар бошанд ва ҳамчунон ки шумо озодон аз якдигар метарсед, аз онҳо ҳам бимнок бошед? Оётро барои мардуме, кн ақл мекунанд, ин тавр тафсил медиҳем.
29
Оре, ситамкорон бе ҳеҷ донише аз ҳавои нафси худ пайравӣ кардаанд. Онро, ки Худо гумроҳ кардааст, чӣ касе ҳидоят мекунад? Онҳоро ҳеҷ ёваре нест.
30
Ба яктопарастӣ рӯй ба дин овар. Фитратест, ки Худо ҳамаро ба он фитрат биёфаридааст ва дар офариниши Худо тағйире нест. Дини поку пойдор ин аст. Вале бештари мардум намедонанд!
Sonraki 30 ayet →