2
Оллоҳ аст, ки ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Зинда асту поянда аст!
3
Ин китобро, ки тасдиқкунандаи китобҳои пеш аз он аст, ба ҳак бар ту нозил кард ва қабл аз он Тавротро ва Инҷилро фиристод.
4
барои ҳидояти мардум фиристод ва Фурқонро нозил кард. Барои онон, ки ба оёти Худо имон намеоранд, азобе сахт муҳайёст ва Худо пирӯзманду интиқомгиранда аст.
5
Ҳеҷ чиз дар замину осмон бар Худо пӯшида нест.
6
Ӯст, ки шуморо дар батии модароп ба ҳар сон, ки хоста бошад, сурат мебандад. Нест худое ҷуз Ӯ, ки пирӯзманду ҳаким аст!
7
Ӯст, ки ин китобро бар ту нозил кард. Баъзе аз ояҳо муҳкамотанд, ин ояҳо уммулкитобанд ва баъзе ояҳо муташобеҳотанд. Аммо онҳо, ки дар дилашон майл ба ботил аст, ба сабаби фитнаҷӯӣ ва майл ба маъно аз муташобеҳот пайравй мекунанд, дар ҳоле ки маънои онро ҷуз Худо намедонад. Ва окон, ки қадам дар дониш устувор кардаанд, мегӯянд: «Мо бад-он имон овардаем. Ҳама аз ҷониби Парвардигори мост». Ва хирадмандон панд мегиранд.
8
Эй Парвардигори мо, аз он пас, ки моро ҳидоят кардаӣ, дилҳои моро ба ботил моил масоз ва раҳмати худро бар мо ато бикун, ки ту бахшояндаӣ!
9
Эй Парвардигори мо, ту мардумро дар он рӯзе, ки ҳеҷ шакке дар он нест, гирд меоварӣ. Ба яқин, ки Худо аз ваъда хилоф накунад!
10
Кофиронро дороиҳо ва фарзандонашон ҳаргиз аз азоби Худо нараҳонад. Онҳо худ ҳезуми оташи ҷаҳаннаманд.
11
Ба мисли Оли Фиръавн ва пешиниёнашон оёти моро такзиб карданд (дурӯғ бароварданд). Пас Худо ононро ба ҷазои гуноҳонашон бозхост кард. Ва уқубяти Худо сахт яст!
12
Ба кофирон бигӯй: «Ба зудӣ мағлуб хоҳед шуд ва дар ҷаҳаннам, он оромгоҳи бад, гирд хоҳед омад!»
13
Дар он ду гурӯҳ, ки ба ҳам расиданд, барои шумо ибрате буд: Гурӯҳе дар роҳи Худо меҷангиданд ва гурӯҳе дигар кофир буданд. Ононро ба чашми худ дучандони хеш медиданд. Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ёрӣ диҳад. Ва соҳибназаронро дар ин ибратест!
14
Дар чашми мардум ороиш ёфтааст ишқ ба орзуҳои нафсонӣ ва дӯст доштани занону фарзандон ва ҳамёнҳои зару сим ва аспони нишонадор ва чорпоён ва зироат. Ҳамаи инҳо матоъи зиндагии инҷаҳонӣ ҳастанд, дар ҳоле, ки бозгаштангоҳи хуб назди Худост!
15
Бигӯ: «Оё шуморо ба чизҳое беҳтар аз инҳо огоҳ кунам?» Барои онон, ки парҳезгорӣ пеша кунанд, дар назди Парвардигорашон биҳиштҳоест, ки наҳрҳо дар он равон аст. Инон бо занони покиза дар айни хушнудии Худо ҷовидона дар он ҷо хоҳанд буд. Ва Худо аз ҳоли бандагон огоҳ аст:
16
Касоне, ки мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, имон овардем. Гуноҳони моро биёмурз ва моро аз азоби оташ ҳифз кун»;
17
собирону ростгӯён ва фармонбардорону нафақакунандагон ва онон, ки дар саҳаргоҳон омурзиш металабанд.
18
Оллоҳ ҳукм кард ва фариштагону донишмандон низ, ки ҳеҷ худое барпойдорандаи адл ҷуз Ӯ нест. Худое ҷуз Ӯ нест, ки пирӯзманду ҳаким аст!
19
Албатта дин дар назди Худо дини ислом аст. Ва аҳли китоб муқобили он рафтанд, аз он пас, ки ба ҳаққонияти он дин огоҳ, шуданд ва низ аз рӯи ҳасад. Онон, ки ба оёти Худо кофир шуданд, бидонанд, ки Ӯ ба зудӣ ба ҳисобҳо хоҳад расид!
20
Агар бо ту ба доварӣ бархезанд, бигӯй: «Ману пайравонам дар дини хеш ба Худо ихлос намудем». Ба аҳли китоб ва мушрикон бигӯ: «Оё шумо ҳам ба Худо ихлос намудед?» Агар ихлос варзидаанд, пас ҳидоят ёфтаанд ва агар рӯйгардон шудаанд, бар ту таблиғ асту бас ва Худо бандагонро мебинад.
21
Касоне, ки ба оёти Худо имон намеоваранд ва паёмбаронро ба ноҳақ мекушанд ва мардумеро, ки аз рӯи адл фармон медиҳанд, мекушанд, ба азобе дардовар хабар деҳ!
22
Аъмоли инҳо дар дунё ва охират нобуд шудааст ва ҳеҷ ёваре надоранд!
23
Оё ононро надидӣ, ки аз китоб баҳрае ёфта буданд, чун даъват шуданд то китоби Худо дар бораи онҳо ҳукм кунад, гурӯҳе аз онҳо бозгаштанд ва рӯй гардонӣ карданд?
24
Ва ин бад-он сабаб буд, ки мегуфтанд: «Ҷуз чанд рӯзе оташи дӯзах ба мо нарасад». Ва ин дурӯғ, ки бар худ баста буданд, дар дини худ фиребашон дод.
25
Ҳолашон чӣ гуна хоҳад буд дар он рӯз бешубҳа, вақте, ки ҳамаро гирд оварем, то подоши амали ҳар кас дода шавад, бе он ки бар касе ситаме равад?
26
Бигӯ: «Бор Худоё, Туӣ - - дорандаи мулк! Ба ҳар кӣ бихоҳӣ, мулк медиҳӣ ва аз ҳар кӣ бихоҳӣ, мулк меситонӣ! Ҳар касро, ки бихоҳӣ, иззат медиҳӣ ва ҳар касро, ки бихоҳӣ, хорӣ медиҳӣ! Ҳамаи некиҳо ба дасти туст ва ту бар ҳар коре тавоноӣ!
27
Аз шаб мекоҳӣ (кӯтоҳ мекунӣ) ва ба рӯз меафзоӣ ва аз рӯз мекоҳӣ ва ба шаб меафзоӣ! Зиндаро аз мурда берун меоварӣ ва мурдаро аз зинда. Ва ба ҳар ки бихоҳӣ, беҳисоб рӯзӣ медиҳӣ!
28
Набояд мӯъминон кофиронро ба ҷои мӯъминон ба дӯстӣ гиранд. Пас ҳар кӣ чунин кунад, ӯро бо Худо робитае нест. Магар ин ки аз онҳо бимнок бошед. Ва Худо шуморо аз худаш метарсонад, ки бозгашт ба сӯӣ Ӯст».
29
Бигӯ: «Ҳар чӣ дар дил доред, чӣ пинҳонаш кунед ва чӣ ошкораш созед. Худо ба он огох, аст. Ӯ ҳар чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, медонад ва бар ҳар коре тавоност!
30
Рӯзе, ки ҳар кас корҳои нек ва корҳои бади худро дар баробари худ ҳозир бинад, орзу кунад, ки эй кош, миёни ӯ ва кирдори бадаш масофае бузург бувад. Худованд шуморо аз Худаш метарсонад. Ва Худо ба бандагонаш меҳрубон аст!»
Sonraki 30 ayet →