2
Ин аст оятҳои ин китоби равшангар.
3
Барои онҳо, ки имон меоваранд, достони ростини Мӯсо ва Фиръавнро бар ту мехонем.
4
Фиръавн дар он сарзамин бартарӣ ҷуст ва мардумашро фирқа-фирқа сохт. Фирқаеро хор медошт ва писаронашонро мекушт ва занонашонро зинда мегузошт, ки ӯ аз фасодкорон буд.
5
Ва Мо бар он ҳастем, ки бар мустазъафони (заъифони) рӯи замин неъмат диҳем ва ононро пешвоён созем ва ворисон гардонем.
6
Ва онҳоро дар он сарзамин обрӯву қудрат бахшидем ва ба Фиръавну Ҳомон ва лашкариёнашон чизеро, ки аз он метарсиданд, нишон диҳем.
7
Ва ба модари Мӯсо ваҳй кардем, ки шираш бидеҳ ва агар бар ӯ бимнок шудӣ ӯро ба дарё бияндоз ва матарс ва ғамгин машав, ӯро ба ту бозмегардонем ва дар шумори паёмбаронаш меоварем.
8
Хонадони Фиръавн ӯро ёфтанд, то душманонашон ва сабаби андӯҳашон гардад, Фиръавн ва Ҳомон ва лашкариёнашон хато мекарданд.
9
Зани Фиръавн гуфт: «Ин сабаби шодмонии ману туст. Ӯро накушед, шояд ба мо нафъе бирасонад, ё ӯро ба фарзандӣ гирем». Ва намедонистанд, ки чӣ мекунанд.
10
Дили модари Мӯсо танг шуд. Ва агар дилашро қавӣ накарда будем, то аз мӯъминон бошад, наздик буд, ки он сирро фош созад.
11
Ва ба хоҳари ӯ гуфт: «Аз паи ӯ бирав». Ва зан бе он ки онҳо фаҳманд, аз дур дар ӯ менигарист.
12
Пистони ҳамаи доягонро аз пеш бар ӯ ҳаром карда будем. Он зан гуфт: «Оё мехоҳед шуморо ба хонаводае роҳнамоӣ кунам, ки ӯро бароятон нигоҳ доранд ва некхоҳаш бошанд?»
13
Пас ӯро назди модараш баргардонидем, то чашмони он зан равшан гардад ва ғамгин набошад ва бидонад, ки ваъдаи Худо ҳақ аст, вале бештаринашон намедонанд!
14
Чун ба ҳадди булуғ расид ва боқувват шуд, ӯро ҳикмату дониш додем ва некӯкоронро чунии мукофот медиҳем.
15
Бехабар аз мардуми шаҳр ба шаҳр дохил шуд. Ду танро дид, ки бо ҳам ҷанг мекунанд. Ин як аз пайравонаш буд ва он як аз душманонаш. Он кӣ аз пайравонаш буд, бар зидди он дигар, ки аз душманонаш буд, аз ӯ ёрӣ хост. Мӯсо муште бар ӯ зад ва ӯро кушт. Гуфт: «Ин кори шайтон буд. Ӯ ба ошкоро душмане гумроҳкунанда аст».
16
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ман ба худ ситам кардам. Маро бибахшой». Ва Худояш бибахшид. Зеро бахшояндаву меҳрубон аст!
17
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба шукри неъмате, ки бар ман ато кардӣ, ҳаргиз пуштибони гунаҳкорон нахоҳам шуд!»
18
Дигар рӯз дар шаҳр тарсон ва чашм бар роҳи ҳодиса мегардид. Марде, ки дирӯз аз ӯ мадад хоста буд, боз ҳам аз ӯ мадад хост. Мӯсо ба ӯ гуфт: «Ту ба ошкоро гумроҳ ҳастӣ!»
19
Чун хост мардеро, ки душмани ҳар дуи онҳо буд, бизанад, гуфт: «Эй Мӯсо, оё мехоҳӣ ҳамчунон ки дирӯз якеро куштӣ, маро низ бикушӣ? Ту мехоҳи, ки дар ин сарзамин золиме боши ва намехоҳи, ки аз муслиҳон бошӣ».
20
Марде аз дурдасти шаҳр давон омаду гуфт: «Эй Мӯсо, сардорони шаҳр дар бораи ту машварат мекунанд то бикушандат. Берун бирав. Ман хайрхоҳи ту ҳастам!»
21
Тарсону нигарон аз шаҳр берун шуд. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз ситамкорон наҷот деҳ!»
22
Чун ба ҷониби Мадян равон шуд, гуфт: «Шояд Парвардигори ман маро ба роҳи рост раҳбарӣ кунад».
23
Чун ба оби Мадян расид, гурӯҳе аз мардумро дид, ки чорпоёни худро об медиҳанд ва пушти сарашон ду занро дид, ки гӯсфандони худро бозмеронанд, Гуфт: «Шумо чӣ мекунед?» Гуфтанд: «Мо об намедиҳем, то он гоҳ, ки чӯпонон бозгарданд, ки падари мо пире бузургвор аст».
24
Гӯсфандонро об дод. Сипас ба соя бозгашту гуфт: «Эй Парвардигори ман, ман ба он неъмате, ки бароям мефиристӣ, мӯҳтоҷам».
25
Яке аз он ду зан, ки ба озарм (шарм) роҳ мерафт, назди ӯ омад ва гуфт: «Падарам туро мехонад, то музди об доданатро бидиҳад». Чун назди ӯ омад ва саргузашти худ бигуфт, гуфт: «Матарс, ки ту аз мардуми золим наҷот ёфтаӣ».
26
Яке аз он ду гуфт: «Эй падар, ӯро мардикор гир, ки агар чунин кунӣ, беҳтарин марди нерӯманди боваринокест, ки мардикор кардаӣ».
27
Гуфт: «Мехоҳам яке аз ин ду духтарамро зани ту кунам, ба шарти он, ки ҳашт сол мардикори ман бошӣ. Ва агар даҳ солро пурра кунӣ, худ хидматест ва ман намехоҳам, ки туро ба машаққат афканам. Иншооллоҳ, маро аз солеҳон хоҳй ёфт».
28
Гуфт: «Ин аст паймон миёни ману ту. Ҳар як аз ду муддатро, ки тамом кунам, бар ман ситаме, нахоҳад рафт ва Худо бар он чӣ мегӯем, вакил аст».
29
Чун Мӯсо муддатро тамом кард ва бо занаш равон шуд, аз сӯи Тур оташе дид. Ба касони худ гуфт: «Ин ҷо истед, Оташе дидам. Шояд аз он хабаре ё пораи оташе биёварам, то гарм шавед».
30
Чун назди оташ омад, аз канораи рости водӣ дар он сарзамини муборак аз он дарахт садо дода шуд, ки эй Мӯсо, ман Худои якто, Парвардигори ҷаҳониёнам.
Sonraki 30 ayet →