Ana SayfaMealler › Ayati
A
Ayati
Ayati meali ile okumaya başla
Neml 1 / 93
1
То, син. Ин аст оёти Қуръон ва китоби равшангар.
Ayati 27:1
2
Раҳнамун ва хушхабарест барои мӯъминон:
Ayati 27:2
3
онон, ки намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва ба рӯзи қиёмат яқин доранд.
Ayati 27:3
4
Амалҳои онҳоеро, ки ба охират имон надоранд, дар дар назарашон биёростем. Аз ин рӯй саргашта мондаанд.
Ayati 27:4
5
Онҳо ҳамон касонанд, ки азоби сахт аз они онҳост ва дар охират зиёнкортаранд.
Ayati 27:5
6
Ту касе ҳастӣ, ки Қуръон аз ҷониби Худои ҳакиму доно ба ту нозил мешавад.
Ayati 27:6
7
Мӯсо ба хонаводаи худ гуфт: «Ман аз дур оташе дидам, ба зудӣ, ки аз он бароятон хабаре биёварам ё пораи оташе. Шояд гарм шавед».
Ayati 27:7
8
Чун ба оташ расид, садояш доданд, ки баракат дода шуда он, ки даруни оташ аст ва он, ки дар канори он аст. Ва пок аст Худои якто, он Парвардигори ҷаҳониён!
Ayati 27:8
9
«Эй Мӯсо, Ман Худои ғолибу ҳаким ҳастам.
Ayati 27:9
10
Асоятро бияфкан!»; Чун дидаш, ки монанди море меҷунбад, гурезон бозгашт ва ба ақиб нанигарист. «Эй Мӯсо, матарс. Паёмбарон набояд, ки дар назди ман битарсанд,
Ayati 27:10
11
ғайри касе, ки гуноҳе карда бошад ва пас аз бадкорӣ некӯкор шавад. Зеро Ман бахшояндаву меҳрубонам!
Ayati 27:11
12
Дастатро дар гиребон бибар, то бе ҳеҷ осебе сафед берун ояд. Бо нӯҳ нишона назди Фиръавн ва қавмаш бирав, ки мардуме фосиқанд».
Ayati 27:12
13
Чун нишонаҳои равшани Моро диданд, гуфтанд: «Ин ҷодуе ошкор аст!»
Ayati 27:13
14
Бо он, ки дар дил ба он яқин оварда буданд, вале аз рӯи ситаму бартариҷӯӣ инкораш карданд. Пас бингар, ки оқибати табаҳкорон чӣ гуна бувад!
Ayati 27:14
15
Мо ба Довуду Сулаймон дониш додем. Гуфтанд: «Шукр Худоро аст, ки моро бар бисёре аз бандагони мӯъмини худ бартарӣ дод!»
Ayati 27:15
16
Ва Сулаймон вориси Довуд шуд ва гуфт: «Эй мардум, ба мо забони мурғон омӯхтанд ва аз ҳар неъмате ато карданд. Ва ин иноятест ошкор!»
Ayati 27:16
17
Сипоҳиёни Сулаймон аз ҷинну одами ва парранда гирд омаданд ва онҳо ба саф мерафтанд.
Ayati 27:17
18
То ба водии мӯрчагон расиданд. Мӯрчае гуфт: «Эй мӯрчагон, ба лонаҳои худ дароед, то Сулаймону лашкариёнаш шуморо бехабар помол накунанд».
Ayati 27:18
19
Сулаймон аз сухани ӯ лабханд заду гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро тавфиқ деҳ то шукри неъмати туро, ки бар ман ва падару модари ман арзонӣ доштаӣ, ба ҷой оварам ва корҳои шоистае кунам, ки ту хушнуд шавӣ ва маро ба раҳмати худ дар шумори бандагони шоистаат даровар!»
Ayati 27:19
20
Дар миёни мурғон ҷустуҷӯ кард ва гуфт: «Чаро ҳудҳудро намебинам. Оё аз ғоибшудагон аст?
Ayati 27:20
21
Ба сахттарин тарзе азобаш мекунам ё сарашро мебурам, агар барои ман далеле равшан наорад».
Ayati 27:21
22
Дер карданаш ба дароз накашид. Биёмаду гуфт «Ба чизе даст ёфтаам, ки ту даст наёфта будӣ ва аз Сабо бароят хабаре дуруст овардаам.
Ayati 27:22
23
Занеро ёфтам, ки бар онҳо подшоҳӣ мекунад. Аз ҳар неъмате бархурдор аст ва тахте бузург дорад.
Ayati 27:23
24
Дидам, ки худ ва мардумаш ба ҷои Худои якто офтобро саҷда мекунанд. Ва шайтон амалҳояшонро дар назарашон биёростааст ва аз роҳи Худо гумроҳашон кардааст, чунон ки рӯи ҳидоят нахоҳанд дид.
Ayati 27:24
25
Чаро Худоеро, ки ниҳони осмонҳову заминро ошкор мекунад ва ҳар чиро пинҳон медоред ё ошкор месозед, медонад, саҷда накунанд?
Ayati 27:25
26
Худои якто, ки ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Парвардигори арши азим». (Саҷда).
Ayati 27:26
27
Гуфт: «Акнун бингарем, ки рост гуфтаӣ ё дар шумори дурӯғгӯёнӣ.
Ayati 27:27
28
Ин номаи маро бибар ва бар онҳо афкан, сипас ба як сӯ шав ва бингар, ки чӣ ҷавоб медиҳанд».
Ayati 27:28
29
Зан гуфт: «Эй бузургон, номае гиромӣ ба сӯи ман партофта шуд.
Ayati 27:29
30
Нома аз Сулаймон аст ва ин аст: «Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон».
Ayati 27:30