1
Сураест, ки онро нозил кардаем ва воҷибаш сохтаем ва дар он оёте равшан фиристодаем, бошад, ки панд гиред.
2
Зану марди зинокорро ҳар якро сад зарба бизанед. Ва агар ба Худову рӯзи қиёмат имон доред, мабод, ки дар ҳукми Худо нисбат ба он ду раҳмдил гардед. Ва бояд, ки ба ҳангоми шиканҷа карданашон гурӯҳе аз мӯъминон ҳозир бошанд.
3
Марди зинокор ғайри зани зинокор ё мушрикро намегирад ва зани зинокорро ғайри марди зинокор ё мушрик намегирад. Ва ин бар мӯъминон ҳаром шудаст.
4
Касонеро, ки занони покро ба зино мутаҳҳам мекунанд ва чаҳор шоҳид намеоваранд, ҳаштод зарба бизанед ва аз он пас ҳаргиз шоҳидиашонро напазиред, ки мардуме фосиқанд.
5
Ғайри касоне, ки баъд, аз он тавба кунанд ва ба ислоҳ оянд. Зеро Худо бахшояндаву меҳрубон аст!
6
Ва касоне, ки занони худро ба зино мутаҳҳам мекунанд ва шоҳиде ҷуз худ надоранд, ҳар як аз онҳоро чаҳор бор шоҳидӣ аст ба номи Худо, ки аз ростгӯён аст.
7
Ва бори панҷум бигӯяд, ки лаънати Худо бар ӯ бод, агар аз дурӯғгуён бошад.
8
Ва агар он зан чаҳор бор ба Худо савганд хӯрад, ки он мард дурӯғ мегӯяд, ҷазо аз ӯ бардошта мешавад.
9
Ва бори панҷум бигӯяд, ки хашми Худо бар ӯ бод, агар мард аз ростгӯён бошад.
10
Ҳалок мешудед агар фазлу раҳмате, ки Худо бар шумо додааст, намебуд? Ва агар Худо тавбапазиру ҳаким намебуд?
11
Касоне, ки он дурӯғи бузургро сохтаанд, гурӯҳе аз шумоянд. Мапиндоред, ки шуморо дар он шарре бувад. На, хайри шумо дар он бувад. Ҳар марде аз онҳо ба он андоза гуноҳ, ки кардааст, ба ҷазо расад ва аз миёни онҳо, он ки бештарини ин бӯҳтонро ба ӯҳда дорад ба азобе бузург гирифтор меояд.
12
Чаро ҳангоме ки он бӯҳтонро шунидед, мардону занони мӯъмин ба худ гумони нек набурданд ва нагуфтанд, ки ин тӯҳмате ошкор аст?
13
Чаро чаҳор шоҳид бар иддаъои худ наёварданд? Пас агар шоҳидоне наёвардаанд, дар назди Худо дар зумраи дурӯғгӯёнанд.
14
Агар фазлу раҳмати Худо дар дунёву охират намебуд, ба сазои он суханон, ки мегуфтед, шуморо азобе бузург дармерасид.
15
Он гоҳ, ки он суханро аз даҳони якдигар мегирифтед ва чизе бар забон мерондед, ки дар бораи он ҳеҷ, намедонистед ва мепиндоштед, ки коре хурд аст ва ҳол он, ки дар назди Худо коре бузург буд.
16
Чаро он гоҳ ки сухан шунидед, нагуфтед: «Моро нашояд, ки онро бозгӯем, Парвардигоро, Ту покӣ, ин тӯҳмате бузург аст?»
17
Худо шуморо панд медиҳад, ки агар аз мӯьминон ҳастед, бори дигар гирди чунон коре магардед.
18
Худо оётро барон шумо баён мекунад ва Худо донову ҳаким аст!
19
Барои касоне, ки дӯст доранд, дар бораи мӯъминон тӯҳмати зино паҳн шавад, дар дунёву охират азобе дардовар муҳайёст. Худо медонад, ва шумо намедонед!
20
Ҳалок мешудед, агар фазлу раҳмате, ки Худо ба шумо додааст, намебуд. Ва агар Худо меҳрубону бахшоянда намебуд?
21
Эй касоне, ки имон овардаед, пой ба ҷои пои шайтон магузоред. Ва ҳар кӣ пой ба ҷои пои шайтон гузорад, бидонад, ки ӯ ба фаҳшову мункар (корҳои бад) фармон медиҳад. Ва агар фазлу раҳмате ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, намебуд, ҳеҷ як аз шумо ҳаргиз рӯи покӣ намедид. Вале Худо ҳар касро, ки бихоҳад, покиза месозад. Ва Худо шунавову доност!
22
Тавонгарон ва онон, ки кушоише дар кори онҳост, набояд савганд бихӯранд, ки ба хешовандону мискинон ва муҳоҷирон дар роҳи Худо чизе надиҳанд. Бояд бибахшанду бибахшоянд. Оё намехоҳед, ки Худо шуморо бибахшояд? Ва Худост бахшояндаи меҳрубон.
23
Касоне, ки бар занони покдоман ва бехабар аз зино ва мӯъмин тӯҳмати зино мезананд, дар дунёву охират лаънат шудаанд ва барояшон азобест бузург
24
рӯзе, ки забонашон ва дастҳояшону пойҳояшон бар зиддашон бар корҳое, ки мекардаанд, шоҳидӣ диҳанд.
25
Он рӯз, ки Худо ҷазояшонро ба тамомӣ бидиҳад ва бидонанд, ки Худо ҳақиқати ошкор аст.
26
Занони нопок барои мардони нопок ва мардони нопок барои занони нопок ва занони пок барои мардони пок ва мардони пок барои занони пок. Онҳо аз он чӣ дар бораашон мегӯянд, поканд. Бахшоишу ризқи некӯ барои онҳост!
27
Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонае ғайр аз хонаи худ бе он, ки иҷозат талабида ва бар сокинонаш салом карда бошед, надароед. Ин барои шумо беҳтар аст, бошад, ки панд гиред!
28
Ва агар дар хона касеро наёфтед, дохил нашавед то шуморо рухсат диҳанд. Ва агар гӯянд: «Бозгардед», бозгардед, ин бароятон покизатар аст. Ва Худо ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст.
29
Бар шумо гуноҳе нест, агар ба хонаҳои ғайримаскун, ки матоъе дар он доред, дохил шавед. Ҳар чиро ошкор созед, ё пинҳон доред. Худо ба он огоҳ аст!
30
Ба мардони мӯъмин бигӯ, ки чашмони худ бипушанд ва шармгоҳи худ иигаҳ доранд. Ин барояшон покизатар аст. Зеро Худо ба корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст!
Sonraki 30 ayet →