1
Рӯзи ҳисоби мардум наздик шуд ва онон ҳамчунон ба ғафлат рӯйгардонанд.
2
Аз сӯи Парвардигорашон барояшон ҳар панде тозае омад, онро шуниданд ва саргарми бозича буданд.
3
Дилҳояшон ғофил шудааст. Ва он ситамгарон сар дар гӯши якдигар ниҳоданду пинҳонӣ гуфтанд: «Оё ин мард як инсоне монанди шумо нест? Оё бо он ки ба чашмн худ мебинед, ҳамчунон аз паи ҷоду меравед?»
4
Гуфт: «Парвардигори ман аз ҳар сухане дар осмону замин огоҳ аст ва Ӯ шунавову доност».
5
Гуфтанд: «На Хобҳои парешон аст ё дурӯғест, ки мебофад ё шоирест. Пас барои мо аз он гуна, ки ба паёмбарони пешин дода шуда буд, мӯъҷизае биёварад».
6
Пеш аз онҳо мардуми деҳаеро, ки ҳалок кардем, имон наёварда буданд. Оё инҳо имон меоваранд?
7
Мо пеш аз ту ба пайрамбарӣ фақат мардонеро, ки ба онҳо ваҳй мекардем фиристодем ва агар худ намедонед, аз аҳли китоб бипурсед.
8
Онҳоро ҷасадҳое накардем, ки ба таъом мӯҳтоҷ набошанд ва умри ҷовидон ҳам надоштанд.
9
Сипас ҳар ваъдае, ки ба онҳо додем, баровардем ва онҳову ҳар касро, ки хостем, раҳонидем ва аз ҳад гузарандагонро ҳалок кардем.
10
Китобе бар шумо нозил кардаем, ки дар он шарафи бузурги шумост. Оё ба ақл дарнамеёбед?
11
Ва чӣ бисёр ситамкор мардумеро, ки ҳалок кардем ва ба ҷояшон мардуме дигар биёфаридем.
12
Чун азоби моро ҳис мекарданд, ба ногоҳ аз он ҷо мегурехтанд.
13
Мегузеред! Бо нозу ишрат ба хонаҳои худ боз гардед то пурсида шавед!
14
Гуфтанд; «Вой бар мо, мо ситамкор будаем!»
15
Ва ҳамеша суханашон ин буд, то ҳамаро чун кишти даравида ва оташи хомӯшгашта гардонидем.
16
Мо ин осмону замин ва он чиро миёни он дӯст, ба бозича наофаридаем.
17
Агар хостори бозичае мебудем, Худ онро меофаридем, агар хоста будем.
18
Балки ҳақро бар сари ботил мезанем, то онро дар ҳам кӯбад ва ботил нобудшаванда аст. Ва вой бар шумо аз он чӣ ба Худо сифат медиҳед.
19
Аз они Ӯст ҳар кӣ дар осмонҳову замин аст. Ва онон, ки дар назди Ӯ ҳастанд, аз ибодаташ ба такаббур сар наметобанд ва хаста намешаванд,
20
Шабу рӯз, бе он ки сустие дар онҳо падид ояд, тасбеҳ мегӯянд.
21
Оё дар замин худоёне интихобидаанд, ки мурдагонро аз гӯр бар мехезонанд?
22
Агар дар замину осмон худоёне ғайри Оллоҳ мебуд, ҳар ду табоҳ мешуданд. Пас Оллоҳ — Парвардигори арш аз ҳар чӣ ба васфаш мегӯянд, пок аст.
23
Ӯ дар баробари ҳеҷ як аз корҳое, ки мекунад, пурсида намешавад, вале мардум пурсида мешаванд.
24
Оё ба ҷуз Ӯ худоёнро интихобидаанд? Бигӯ: «Ҳуҷҷати худ биёваред. Дар ин китоб сухани касонест, ки бо ман ҳастанд ва сухане касоне, ки пеш аз ман будаанд». На, бештаринашон чизе аз ҳақ намедонанд ва аз он рӯй мегардонанд.
25
Мо пеш аз ту ҳар паёмбаре ки фиристодем, фақат ба ӯ ваҳй кардем, ки ғайри Ман худое нест. Пас Маро бипарастед.
26
Ва гуфтанд, ки Худои раҳмон соҳиби фарзанд аст. Пок аст Ӯ. Балки онон бандагоне гироми ҳастанд,
27
дар сухан бар Ӯ пешӣ намегиранд ва ба фармони Ӯ кор мекунанд.
28
Медонад ҳар чӣ дар баробари онҳост ва ҳар чӣ пушти сари онҳост. Ва онон ҷуз касонерю, ки Худо аз онҳо хушнуд аст, шафоъат намекунанд ва аз бими Ӯ ларзонанд.
29
Ҳар кас аз онҳо, ки бигӯяд: «Ман ғайри Ӯ худоям», ҷазои чунин касеро ҷаҳаннам медиҳад ва золимонро чунин ҷазо медиҳем.
30
Оё кофирон намедонанд, ки осмонҳову замин ба ҳам якҷоя часпида буданд, Мо онҳоро ҷудо кардем ва ҳар чизи зиндаеро аз об пайдо кардем? Чаро имон намеоваранд?
Sonraki 30 ayet →