Ana SayfaMealler › Ayati
A
Ayati
Ayati meali ile okumaya başla
Meryem 1 / 98
1
Коф, ҳо, ё, айн, сод.
Ayati 19:1
2
Баёни бахшоиши Парвардигорат бар бандаи Худ Закариёст.
Ayati 19:2
3
Он гоҳ ки Парвардигорашро пинҳонӣ садо дод.
Ayati 19:3
4
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, устухони ман суст гашта ва сарам аз пирӣ сафед шудааст ва ҳаргиз дар дуъо ба даргоҳи ту, эй Парвардигори ман, бебаҳра набудаам.
Ayati 19:4
5
Ман пас аз марги худ аз хешовандонам бимнокам ва занам нозоянда аст. Маро аз ҷониби Худ фарзанде ато кун,
Ayati 19:5
6
ки меросбари ман ва меросбари хонадони Яъқуб бошад ва ӯро, эй Парвардигори ман, шоиставу писандида гардон».
Ayati 19:6
7
«Эй Закариё, Мо туро ба писаре ба номи Яҳё мужда медиҳем. Аз ин пеш касеро ҳамноми ӯ насохтаем».
Ayati 19:7
8
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз куҷо писаре бошад, ҳол он ки занам нозоянда аст ва ман худ дар пирӣ ба фартутӣ расидаам».
Ayati 19:8
9
Гуфт: «Парвардигорат инчунин гуфтааст: «Ин барои Ман осон аст ва туро, ки пеш аз ин чизе набудаӣ, биёфаридаам».
Ayati 19:9
10
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба ман нишоне бинамой». Гуфт: «Нишони ту ин аст, ки се шабу се рӯз бо мардум су хан нагӯӣ бе ҳеҷ осебе».
Ayati 19:10
11
Аз меҳроб ба миёни қавми худ берун омад ва ба онон эълом кард, ки субҳу шом тасбеҳ гӯед.
Ayati 19:11
12
«Эй Яҳё, китобро ба қувват бигир». Ва дар кудакӣ ба ӯ доноӣ ато кардем.
Ayati 19:12
13
Ва ба ӯ шафқат кардем ва покизааш сохтем ва ӯ парҳезгор буд.
Ayati 19:13
14
Ба падару модар некӣ мекард ва ҷаббору гарданкаш набуд.
Ayati 19:14
15
Салом бар ӯ, рӯзе, ки зода шуд ва рӯзе, ки мемирад ва рӯзе, ки дигар бор зинда хезонида мешавад!
Ayati 19:15
16
Дар ин китоб Марямро ёд кун, он гоҳ, ки аз хонадони худ ба маконе рӯ ба сӯи баромадани офтоб яқсу шуд.
Ayati 19:16
17
Миёни худ ва онон пардае кашид ва Мо Рӯҳи Худро наздаш фиристодем ва чун инсоне тамом бар ӯ намудор шуд.
Ayati 19:17
18
Марям гуфт: «Аз ту ба Худои раҳмон паноҳ мебарам, ки парҳезгор бошӣ».
Ayati 19:18
19
Гуфт: «Ман фиристодаи Парвардигори ту ҳастам, то туро писаре покиза бибахшам».
Ayati 19:19
20
Гуфт: «Аз куҷо маро фарзанде бошад, ҳол он ки ҳеҷ башаре ба ман даст назадааст ва ман бадкора ҳам набудаам».
Ayati 19:20
21
Гуфт: «Парвардигори ту инчунин гуфтааст: «Ин барон ман осон аст. Мо он писарро барои мардум оятеву бахшоише кунем ва ин корест ҳатмӣ ва поёнёфта».
Ayati 19:21
22
Пас ба ӯ ҳомиладор шуд ва ӯро бо худ ба маконе дурафтода бурд.
Ayati 19:22
23
Дарди зоидан ӯро ба сӯи танаи дарахти хурмое кашонид. Гуфт: «Эй кош, пеш аз ин мурда будам ва аз ёдҳо фаромӯш шуда будам».
Ayati 19:23
24
Кудак аз зери ӯ нидо дод: «Ғамгин мабош, Парвардигорат аз зери пои ту ҷӯи обе равон сохт».
Ayati 19:24
25
Дарахтро биҷунбон то хурмои тозачида бароят фурӯ резад.
Ayati 19:25
26
Пас, эй зан, бихӯру биёшом ва шодмон бот ва агар аз одамиён касеро дидӣ, бигӯй: «Барои Худои раҳмон рӯза назр кардаам ва имрӯз бо ҳеҷ башаре сухан намегӯям».
Ayati 19:26
27
Кудакро бардошт ва назди қавми худ овард. Гуфтанд: «Эй Марям, коре қабеҳ кардаӣ.
Ayati 19:27
28
Эй хоҳари Ҳорун, на падарат марди баде буд ва на модарат зане бадкора».
Ayati 19:28
29
Ба фарзанд ишора кард. Гуфтанд: «Чӣ гуна бо кудаке, ки дар гаҳвора аст, сухан бигӯем».
Ayati 19:29
30
Кудак гуфт: «Ман бандаи Худоям, ба ман китоб дода ва маро паёмбар гардонидааст.
Ayati 19:30