Ana SayfaMealler › Ayati
A
Ayati
Ayati meali ile okumaya başla
Kehf 1 / 110
1
Сипос Худовандеро, ки бар бандаи худ ин китобро нозил кард ва ҳеҷ каҷиву инҳироф дар он наниҳод!
Ayati 18:1
2
Китобе холӣ аз каҷи. То мардумро аз хашми шадиди худ битарсонад ва мӯъминонро, ки корҳои шоиста мекунанд, хабари хуш диҳад, ки мукофоте некӯ доранд,
Ayati 18:2
3
дар ҳоле ки то абад дар он ҷовидонаанд.
Ayati 18:3
4
Ва касонеро, ки гуфтанд: «Худо фарзанде ихтиёр кард», битарсонад.
Ayati 18:4
5
Не. худ ба он донише доранд ва на падаронашон доштаанд. Чӣ бузург аст сухане, ки аз даҳонашон берун меояд ва дурӯғ мегӯянд!
Ayati 18:5
6
Шояд агар ба ин сухан имон наёваранд, худатро ба хотирашон аз андӯҳ ҳалок созӣ.
Ayati 18:6
7
Мо ҳар чӣ дар рӯи замин аст, зиннати он қарор додем то имтиҳонашон кунем, ки қадомашон ба амал беҳтаранд.
Ayati 18:7
8
Ва низ мо растем, ки рӯи заминро чун биёбоне хушк хоҳем кард.
Ayati 18:8
9
Оё пиндоштаӣ, ки асҳоби каҳф ва рақим аз нишонаҳои аҷибу ғариби Мо будаанд?
Ayati 18:9
10
Он гоҳ ки он ҷавонмардон ба ғорҳо паноҳ бурданд ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, моро аз сӯи худ раҳмат ато кун ва кори моро ба роҳи рост андоз».
Ayati 18:10
11
Соле чанд дар он ғор ба хобашон кардем.
Ayati 18:11
12
Сипас бедорашон кардем, то бидонем кадом як аз он ду гурӯҳ ҳисоботи муддати орамиданашонро доштаанд.
Ayati 18:12
13
Мо хабарашонро ба ростӣ барои ту ҳикоят мекунем: онҳо ҷавонмардоне буданд, ки ба Парвардигорашон имон оварда буданд ва Мо низ бар ҳидояташон афзудем.
Ayati 18:13
14
Бар дилҳояшон нерӯ бахшидем. Он гоҳ, ки бархостанд ва гуфтанд: «Парвардигори мо Парвардигори осмонҳову замин аст. Ҷуз Ӯ касеро худо нахонем, ки ҳар гоҳ чунин кунем, сухане сахт куфромез гуфта бошем.
Ayati 18:14
15
Инҳо, ки қавми мо ҳастанд, ба ғайри Ӯ худоёне ихтиёр кардаанд. Чаро барои исботи худоии онҳо далели равшане намеоваранд? Кист ситамкортар аз касе, ки ба Худо дурӯғ мебандад?
Ayati 18:15
16
Агар аз қавми худ канора ҷустаед ва ҷуз Худои якто худои дигареро намепарастед, ба ғор паноҳ баред ва Худо раҳмати худ бар шумо арзонӣ дорад ва неъмататонро дар он муҳайё дорад.
Ayati 18:16
17
Ва хуршедро мебинӣ, ки чун бармеояд, аз ғорашон ба ҷониби рост майл мекунад ва чук ғуруб кунад, онҳоро вогузорад ва ба чап гардад. Ва онон дар саҳнаи ғоранд. Ва ин аз оёти Худост. Ҳар киро Худо ҳидоят кунад, ҳидоят ёфтааст ва ҳар киро гумроҳ созад, ҳаргиз корсозе роҳнамо барои ӯ нахоҳӣ ёфт.
Ayati 18:17
18
Мепиндоштӣ, ки бедоранд, ҳол он ки дар хоб буданд ва Мо ононро ба дасти росту дасти чап мегардонидем ва сагашон бар даргоҳи ғор ду дасти худ дароз карда буд. Агар ба сарашон мерафтӣ, гурезон бозмегаштӣ ва аз онҳо сахт метарсидӣ.
Ayati 18:18
19
Ҳамчунин бедорашон кардем, то бо якдигар гуфтушунид кунанд. Яке аз онҳо пурсид: «Чанд вақт аст, ки орамидаед?» Гуфтанд: «Як рӯз ё порае аз рӯзро орамидаем». Гуфтанд: «Парвардигоратон беҳтар донад, ки чанд вақт орамидаед. Якеро аз худ бо ин пулатон ба шаҳр бифиристед, то бингаред, ки ғизои покиза кадом аст ва бароятон аз он рӯзиятонро биёварад. Ва бояд, ки ба меҳрубонӣ рафтор кунад, то касе ба шумо огоҳӣ наёбад.
Ayati 18:19
20
Зеро агар шуморо биёбанд, сангсор хоҳанд кард ё ба дини худ дароваранд. Ва агар чунин шавад, то абад наҷот нахоҳед ёфт».
Ayati 18:20
21
Ба ин тарз мардумро ба ҳолашон огоҳ кардем то бидонанд, ки ваъдаи Худо рост аст ва дар қиёмат шубҳае нест. Он гоҳ дар бораи онҳо бо якдигар ба гуфтугӯ пардохтанд ва гуфтанд: «Бар рӯи онҳо биное бисозед, Парвардигорашон ба корашон огоҳтар аст». Ва онон, ки бар холашон огоҳтар шуда буданд, гуфтанд: «На, ин ҷоро масҷиде мекунем».
Ayati 18:21
22
Хоҳанд гуфт: «Се тан буданд ва чаҳорумашон сагашон буд» ва мегӯянд: «Панҷ тан буданд ва шашуминашон сагашон буд». Тир ба торикӣ мезананд ва мегӯянд: «Ҳафт тан буданд ва ҳаштуминашон сагашон буд». Бигӯ: «Парвардигори ман ба адади онҳо донотар аст ва шумори онҳоро ҷуз андак касон намедонанд». Ва ту дар бораи онҳо ҷуз ба зоҳир муҷодала накун ва аз кас напурс.
Ayati 18:22
23
Ҳаргиз магӯй: «Фардо чунин мекунам»,
Ayati 18:23
24
магар Худованд бихоҳад. Ва чун фаромуш кунӣ, Парвардигоратро ба ёд ор ва бигӯ: «Шояд Парвардигори ман маро аз наздиктарин роҳ ҳидоят кунад».
Ayati 18:24
25
Ва онон дар ғори худ сесад сол орамиданд ва нуҳ сол ба он афзудаанд.
Ayati 18:25
26
Бигӯ: «Худованд донотар аст, ки чанд сол орамиданд. Ғайби осмонҳову замин аз они Ӯст. Чӣ биносту чӣ шунавост! Ҷуз Ӯ дӯсте надоранд ва касро дар фармони худ шарик насозад».
Ayati 18:26
27
Аз китоби Парвардигорат ҳар чӣ бар ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Сухани Ӯро тағйирдиҳандае нест, Ва ту ғайри Ӯ паноҳгоҳе намеёбӣ.
Ayati 18:27
28
Ва ҳамроҳ бо касоне, ки ҳар субҳу шом Парвардигорашонро мехонанд ва хушнудии Ӯро меҷӯянд, худро ба сабр водор. Ва набояд чашмони ту барои ёфтани зебу зиннатҳои ин зиндагии дунявӣ аз инон як сӯ гардад. Ва аз он, ки дилашро аз зикри худ бехабар сохтаем ва аз паи ҳавои нафси худ меравад ва дар корҳояш исроф меварзад, панравӣ накун.
Ayati 18:28
29
Бигӯ: «Ин сухани ҳақ аз ҷониби Парвардигори шумост. Ҳар кӣ бихоҳад, имон биёварад ва ҳар кӣ бихоҳад, кофир шавад». Мо барои кофирон, оташе, ки лаҳиби (шӯълаи) он ҳамаро дар бар мегирад, омода кардаем ва чун ба истиғоса (додхоҳӣ) об хоҳанд, аз обе чун миси гудохта, ки аз ҳарораташ чеҳраҳо кабоб мешавад, бихӯронандашон, чӣ оби баде ва чӣ оромгоҳе бад!
Ayati 18:29
30
Касоне, ки имон овардаанд ва корҳое шоиста кардаанд, бидонанд, ки Мо мукофоти некӯкоронро барбод намекунем.
Ayati 18:30