1
Пок аст он Худое, ки бандаи худро шабе аз масҷидулҳаром ба масҷидулақсо, ки гирдогирдашро баракат додаем, сайр дод, то баъзе аз оёти худро ба ӯ нишон диҳем, албатта! Ӯ шунавову биност!
2
Ва он китобро ба Мӯсо додем ва, онро роҳнамои банӣ-Исроил гардонидем, ки ҷуз Ман корсозе интихоб накунед.
3
Эй фарзандони мардуме, ки бо Нӯҳ дар киштияшон нишондем, бидонед, ки ӯ бандае сипосгузор буд.
4
Ва банӣ-Исроилро дар он китоб хабар додем, ки ду бор дар замин фасод хоҳед кард ва низ саркашӣ хоҳед кард, саркашӣ кардане бузург.
5
Чун аз он ду бор ваъдаи нахустин даррасид, гурӯҳе аз бандагони худро, ки ҷанговароне зӯрманд буданд, ба сари шумо фиристодем. Онҳо ҳатто дар даруни хонаҳо ҳам куштор карданд ва ид ваъда ба анҷом расид.
6
Бори дигар шуморо бар онҳо ғалаба додем ва ба молу фарзанд мадад кардем ва бар шуморатон афзудем.
7
Агар некӣ кунед, ба худ мекунед ва агар бадӣ кунед, ба худ мекунед. Ба чун ваъдаи дуввум фаро расид, касоне бар саратон фиристодем то шуморо ғамгин созанд ва чун бори аввал, ки ба масҷид даромада буданд, ба масҷид дароянд ва ба ҳар чӣ даст ёбанд, нобуд созанд.
8
Шояд Парвардигоратон бар шумо раҳмат оварад. Ва агар бозгардед, бозмегардем ва ҷаҳаннамро зиндони кофирон сохтаем.
9
Ин Қуръон ба дурусттарин динҳо роҳ менамояд ва мӯъминонеро, ки корҳои шоиста ба ҷой меоваранд, хушхабар медиҳад, ки аз музде некӯ баҳраманд хоҳанд шуд.
10
Ва барои касоне, ки ба охират имон надоранд, азобе дардовар муҳайё кардаем.
11
Ва одамӣ ба дуъо бадиеро металабад, чунон, ки гӯӣ ба дуъо хайреро меҷӯяд. Ва одамӣ то буда, шитобзада будааст.
12
Шабу рӯзро ду оят аз оёти Худо қарор додем. Ояти шабро торик гардонидем ва ояти рӯзро равшан, то ба талаби ризқе, ки Парвардигоратон муқаррар дошта аст, бархезед ва шумори солҳову ҳисобро бидонед ва мо ҳар чизро ба тафсил баён кардаем.
13
Кирдори некӯ бади ҳар инсонеро чун тавқе ба гарданаш овехтаем. Ва дар рӯзи қиёмат барои ӯ номае кушода берун оварем, то дар он бингарад.
14
«Бихон номаатро Имрӯз ту худ барои ҳисоб кардани аз худ басандаӣ!»
15
Ҳар кӣ ҳидоят шавад, ба суди худ ҳидоят шуда ва ҳар кӣ гумроҳ гардад, ба зиёни худ гумроҳ шудааст ва ҳеҷ кас бори дигареро барнадорад ва Мо ҳеҷ қавмеро азоб намекунем то он гоҳ, ки паёмбаре бифиристем.
16
Чун, бихоҳем деҳаеро ҳалок кунем, дорандаҳои неъматашро бияфзоем, то дар он ҷо табаҳкорӣ кунанд, он гоҳ азоб бар онҳо воҷиб гардад ва онро дар ҳам фурӯ кӯбем.
17
Баъд аз Нӯҳ чӣ бисёр мардумеро ҳалок кардаем. Ва Парвардигори ту огоҳӣ ёфтан ва дидани гуноҳони бандагонашро кофист.
18
Ҳар кас, ки хорони ин ҷаҳон бошад, ҳар чӣ бихоҳем, зудаш арзонӣ дорем, он гоҳ ҷаҳаннамро ҷойгоҳи ӯ созем то баддидашудаву рондашуда ба он дарафтад.
19
Ва ҳар кӣ хоҳони охират бошад ва дар талаби он саъй кунад ва мӯъмин бошад, ҷазои саъйаш дода хоҳад шуд.
20
Ҳамаро – чӣ он гурӯҳро ва чӣ ин гурӯҳро аз атои Парвардигорат пай дар пай хоҳем дод, зеро атои Парвардигоратро аз касе бознадоранд.
21
Бингар, ки чӣ гуна баъзеяшонро бар баъзе дигар бартарӣ ниҳодаем ва дар охират дараҷоту бартариҳо бартару болотар аст.
22
Бо Худои якто худои дигаре ба худоӣ магир, ки баддидашудаву хор хоҳӣ монд.
23
Парвардигорат муқаррар дошт, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ то ту зинда ҳастӣ, ҳар ду ё яке аз он ду солхӯрда шаванд, ононро маёзор ва ба дуруштӣ хитоб макун ва бо онон ба икром сухан бигӯй.
24
Дар баробарашон аз рӯи меҳрубони сари хоксорӣ хам бикун ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, ҳамчунон ки маро дар хурдӣ парвариш доданд, бар онҳо раҳмат овар».
25
Парвардигоратон аз ҳар каси дигар ба он чӣ дар дилҳоятон мегузарад, донотар аст ва агар аз солеҳон бошед, Ӯ тавбакунандагонро меомурзад.
26
Ҳаққи хешовандону мискин ва дар роҳ мондаро адо кун ва ҳеҷ исрофкорӣ макун.
27
Исрофкорон бо шайтонҳо бародаранд ва шайтон нисбат ба Парвардигораш ношукр буд,
28
Ва агар ба интизори кушоише, ки аз ҷониби Парвардигорат умед медорӣ, ва аз онҳо рӯйгардонӣ мекунӣ, пас бо онҳо ба нармӣ сухан бигӯй.
29
На дасти худ аз рӯи хиссат (хасисӣ) ба гардан бубанд ва на ба саховат якбора бикушой, ки дар ҳар ду ҳол маломатзадаву ҳасратхӯрда бинишинӣ.
30
Парвардигори ту дар ризқи ҳар кас, ки бихоҳад, кушоиш медиҳад ё танг мегирад, зеро Ӯ ба бандагонаш огоҳу биност!
Sonraki 30 ayet →