Ana SayfaMealler › Ayati
A
Ayati
Ayati meali ile okumaya başla
Rad 1 / 43
1
Алиф, лом, мим, ро. Инҳо оёти ин китоб аст ва он чӣ аз Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ҳақ аст, вале бештари мардум имон намеоваранд,
Ayati 13:1
2
Оллоҳ — ҳамон Худовандест, ки осмонҳоро бе ҳеҷ сутуне, ки онро бубинед, барафрошт. Сипас ба арш пардохт ва офтобу моҳро, ки ҳар як то замоне муайян дар сайранд, ром кард. Корҳоро мегардонад ва оётро баён мекунад, бошад, ки ба дидори Парвардигоратон яқин кунед!
Ayati 13:2
3
Ӯст, ки заминро бигустурд ва дар он кӯҳхову рудҳо қарор дод ва аз ҳар мева ҷуфт-ҷуфт падид овард ва шабро дар рӯз мепӯшонад. Дар инҳо ибратҳост барои мардуме, ки меандешанд!
Ayati 13:3
4
Ва бар рӯи замин қитъаҳоест дар канори якдигар ва боғҳои ангуру кнштзорҳо ва нахлҳое, ки дутана аз як реша руста аст ё яктана аз як реша ва ҳама ба як об сероб мешаванд ва дар самара баъзеро дар баъзе дигар бартарӣ ниҳодаем. Албатта дар инҳо барои хирадмандон ибратҳост!
Ayati 13:4
5
Агар ту дар ҳайрат меоӣ, тааҷҷуб дар сухани онҳо аст, ки оё он ҳангом, ки хок шавем, аз нав моро биёфаринад? Инҳо ба Парвардигорашон имон надоранд, бар гарданҳошон тавқҳо бошад ва аҳли ҷаҳаннаманд ва дар он ҷовидонаанд.
Ayati 13:5
6
Ба шитоб аз ту пеш аз хайру бахшоиш азоб металабанд. Пеш аз онҳо азобҳое будааст ва Парвардигори ту мардумро, бо он ки ситам кардаанд, мебахшад ва низ Парвардигори ту ба сахтӣ уқубат мекунад.
Ayati 13:6
7
Кофирон мегӯянд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш муъҷизае бар ӯ нозил намешавад?» Ҷуз ин нест, ки ту бимдиҳандае ҳастӣ ва ҳар қавмеро роҳнамоест!
Ayati 13:7
8
Худо медонад, ки ҳар зане чӣ дар раҳм дорад ва он чӣ раҳмҳо коҳад ва он чӣ раҳмҳо афзояд. Ва ҳар чизро дар назди Ӯ миқдоре муъайян аст.
Ayati 13:8
9
Донои ниҳону ошкор — он Худом бузурги баландмартаба!
Ayati 13:9
10
Барои Ӯ яксон аст аз шумо ҳар кӣ сухан ба пинҳон гӯяд ё ба ошкоро. Ва он ки дар пардаи шаб пинҳон мешавад ва он ки дар рӯз ба ошкоро меравад.
Ayati 13:10
11
Одамиро фариштагонест, ки паёпай ба амри Худо аз рӯбарӯву пушти сараш меоянд ва нигаҳбонияш мекунанд. Худо чизеро, ки аз они мардумест, дигаргун накунад, то он мардум худ дигаргун шаванд. Чун Худо барои мардуме бадӣ хоҳад, ҳеҷ чиз монеъи Ӯ натавонад шуд ва онҳоро ғайри Худо ҳеҷ корсозе нест!
Ayati 13:11
12
Ӯст, ки барқро гоҳ барои тарсонидан ва гоҳ барои умед бахшидан ба шумо менамоёнад ва абрҳои гаронборро падид меоварад.
Ayati 13:12
13
Раъд ба ситоиши Ӯ ва фариштагон аз бими Ӯ тасбеҳ мекунанд. Ва оташакҳоро мефиристад ва ҳар киро бихоҳад, ба он осеб мерасонад. Боз ҳам дар бораи Худо баҳсу ҷидол мекунанд. Ва Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад!
Ayati 13:13
14
Хоси Ӯст дуову илтиҷои ростин. Онҳо, ки ҷуз Ӯро илтиҷо мекунанд, ҳеҷ посухашон намегӯянд. Монанди касе, ки ду даст ба сӯи об барад то об ба даҳон расонад ва натавонад, ки об ба даҳон расонад. Ва дуъои кофирон ҷуз ба гумроҳӣ нест!
Ayati 13:14
15
Хоҳу нохоҳ барои Худованд саҷда мекунанд ҳамаи онҳо, ки дар осмонҳову заминанд ва сояҳояшон низ бомдодону шомгоҳон ба саҷда меоянд. (Саҷда).
Ayati 13:15
16
Бигӯ: «Кист Парвардигори осмонҳову замин?» Бигӯ: «Оллоҳ». Бигӯ; «Оё ғайри Ӯ худоёне гирифтаед, ки қодир ба суду зиёни худ нестанд? Бигӯ: «Оё нобинову бино баробаранд? Ё торикиву равшанӣ яксонанд? Ё шариконе, ки барои Худо қоил шудаанд, чизҳое офаридаанд, монанди он чӣ Худо офаридааст ва онон дар бораи офариниш ба иштибоҳ афтодаанд?» Бигӯ: «Оллоҳ офаринандаи ҳар чизест ва Ӯ ягонаву қаҳҳор аст!»
Ayati 13:16
17
Аз осмон об фиристод ва ҳар як ҷӯйе ба андозаи худ ҷорӣ шуд ва оби равон каф (к) бар сар овард. Ва аз он чӣ бар оташ мегудозанд, то зевару матоъе созанд, низ кафке бар сар ояд. Худо барои ҳаққу ботил чунин масал занад, Аммо кафк ба каноре афтад ва нобуд шавад ва он чӣ барои мардум судманд аст, дар замин пойдор бимонад. Худо инчунин мисол меорад.
Ayati 13:17
18
Барои онон, ки даъвати парвардигорашонро қабул карданд, мукофоти некӯест. Ва касоне, ки даъвати Ӯро қабул накарданд, агар ҳар он чиро, ки бар рӯи замин аст ва монанди онро дошта бошанд, онро фидо диҳанд, онон ба сахтӣ бозхост хоҳанд шуд ва маконашон ҷаҳаннам аст ва бад ҷойгоҳест!
Ayati 13:18
19
Оё касе, ки медонад он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шуда ҳақ аст монанди кассет, ки нобиност? Танҳо хирадмандон панд мегиранд
Ayati 13:19
20
касоне, ки ба аҳди Худо вафо мекунанд ва худ паймон намешикананд;
Ayati 13:20
21
онон, ки он чиро Худо ба пайвастани он фармон дода, пайванд мекунанд ва аз Парвардигорашон метарсанд ва аз сахтии ҳисоби Худованд бимноканд;
Ayati 13:21
22
онон, ки ба талаби савоби Парвардигори худ сабр пеша карданд ва намоз гузориданд ва дар ниҳону ошкор аз он чӣ ба онҳо рӯзӣ додаем, хайр карданд ва бадиро бо некӣ бармегардонанд. Оқибати неки охират аз онҳост.
Ayati 13:22
23
Биҳиштҳои ҷовидон онҳо ва ҳар ки некӯкор будааст аз падарону ҳамсарон ва фарзандонашон, бадон дохил шаванд ва фариштагон аз ҳар дар ба наздашон оянд.
Ayati 13:23
24
Салом бар шумо ба хотири он ҳама сабре, ки кардаед. Сарои охират чӣ сарое некӯст!
Ayati 13:24
25
Ва онҳо, ки паймони Худоро пас аз бастанаш мешикананд ва он чиро, ки Худо ба пайвастани он фармон дода, қатъ мекунанд ва дар замин фасод мекунанд, лаънат бар онҳост ва бадиҳои он ҷаҳон насибашон.
Ayati 13:25
26
Худо ҳар киро хоҳад, рӯзии бисёр диҳад ё рӯзии андак. Ва мардум ба зиндагии дунё хушнуданд, ҳол он ки зиндагии дунё дар баробари зиндагии охират ҷуз андак матоъе нест.
Ayati 13:26
27
Кофирон мегӯянд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш мӯъҷизае бар ӯ нозил намешавад?» Бигӯ: «Худо ҳар киро бихоҳад, гумроҳ мекунад. Ва ҳар киро ба даргоҳи Ӯ рӯй кунад, ҳидоят мекунад».
Ayati 13:27
28
Онҳое, ки имон овардаанд ва дилҳояшон ба ёди Худо оромиш меёбад, огоҳ бошед, ки дилҳо ба ёди Худо оромиш меёбад!
Ayati 13:28
29
Зиндагии хуш ва бозгаштангоҳи некӯ аз они касонест, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд.
Ayati 13:29
30
Ҳамчунин туро ба миёни уммате, ки пеш аз онхо умматҳои дигар будаанд, ба пайғамбарӣ фиристодаем, то он чиро, ки бар ту ваҳй кардаем, барояшон тиловат кунӣ ва онҳо ба Раҳмон кофир мешаванд. Бигӯ: «Ӯ Парвардигори ман аст. Худое ҷуз Ӯ нест. Бар Ӯ таваккал кардаам ва тавбаи ман ба даргоҳи Ӯст!»
Ayati 13:30