1
Алиф, лом, ро. Китобест бо оёте устувору равшан аз ҷониби ҳакиме огоҳ,
2
ки ғайри Худои якторо напарастед, ман аз ҷониби Ӯ тарсонандаи шумо ва низ муждадиҳандае барои шумо ҳастам!
3
Ва низ аз Парвардигоратон бахшоиш бихоҳед ва ба даргоҳаш тавба кунед, то шуморо аз ризқе некӯ, то он гоҳ, ки муқаррар аст, бархурдорӣ диҳад. Ва ҳар шоистаи неъматро неъмат диҳад. Ва агар рӯйгардон шавед, бар шумо аз азоби рӯзи бузург бимнокам.
4
Бозгаштатон ба Худост ва Ӯ ба ҳар коре тавоност!
5
Огоҳ бош, ки инҳо сурат бармегардонанд, то рози дили худ пинҳон доранд, ҳол он ки ба он ҳангом, ки ҷомаҳои худ дар сар мекашанд. Худо ошкору ниҳонашонро медонад, зеро Ӯ ба рози дилҳо огоҳ аст.
6
Ҳар ҷунбандае дар рӯи замин мавҷуд аст, рӯзии ӯ бар ӯҳдаи Худост ва ҷои зисту маргашро медонад зеро ҳама дар китоби мубин омадааст.
7
Ӯст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид ва арши Ӯ бар рӯи об буд. То биёзмояд кадом як аз шумо ба амал некӯтар аст. Ва агар бигӯӣ, ки баъд аз марг зинда мешавед, кофирон гӯянд, ки ин ҷуз ҷодуии ошкор нест!
8
Ва агар чанд гоҳе азобашонро ба дер бияфканем, мепурсанд: «Чӣ чиз монеъи он шудааст?» Огоҳ бошед, чун азобашон фаро расад, онро бознагардонанд ва он чӣ масхарааш мекарданд, ононро дар бар хоҳад гирифт.
9
Агар ба инсон раҳмате бичашонем, он гоҳ аз ӯ бозаш гирем, ноумед мешавад ва ношукрӣ мекунад.
10
Ва агар пас аз сахтиву ранҷ неъмату осоише ба ӯ бичашонем, мегӯяд: «Ногувориҳо аз ман дур шудааст». Ва дар ин ҳол шодмон аст ва фахр мекунад,
11
ғайри касоне, ки сабр варзиданд ва корҳои некӯ карданд, ки омурзиш ва музди бузург аз они онҳост!
12
Шояд, ки баъзе аз чизҳоеро, ки бар ту ваҳй кардаем, тарк кунӣ ва ба он дилтанг бошӣ, ки мегӯянд: «Чаро ганҷе бар ӯ афканда намешавад? Ва чаро фариштае ҳамроҳи ӯ намеояд?» Ҷуз ин нест, ки ту бимдиҳандае беш нести ва Худост, ки корсози ҳар чизест.
13
Ё он ки мегӯянд, ки аз худ бармебофад ва ба дурӯғ ба Худо нисбаташ мекунад. Бигӯ: «Агар рост мегӯед, ҷуз Худо ҳар киро, ки тавонед, ба ёрӣ биталабед ва даҳ сура монанди он ба ҳам барбофта, биёваред.
14
Пас агар шуморо иҷобат накарданд, бидонед, ки Қуръон ба илми Худо нозил шуда ва низ ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест. Оё таслим мешавед?»
15
Онон, ки зиндагиву зинати ин дунёро бихоҳанд, пас ҳамаи музди кирдорашонро дар ин ҷаҳон медиҳем ва дар он нуқсоне намебинанд.
16
Инҳо касоне ҳастанд, ки дар охират ҷуз оташ насибе надоранд ва ҳар чӣ кардаанд, ночиз шавад ва ҳар чӣ ба ҷой оваранд, ботил аст!
17
Оё он кас, ки аз ҷониби Парвардигори худ далеле равшан дорад ва забонаш ба он гӯёст ва пеш аз ин китоби Мӯсо, ки худ пешвову раҳмате будааст, ба он гувоҳӣ дода, бо он кас, ки далеле надорад, баробар аст? Онҳо ба он китоби равшан имон меоваранд. Ва ҳар гурӯҳи дигаре, ки ба Ӯ кофир шавад, ҷойгоҳаш дар оташ аст. Дар он шак макун, ки ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорат омадааст. Вале бештари мардум имон намеоваранд!
18
Чӣ кас ситамкортар аз он касест, ки ба Худо дурӯғ мебандад? Инҳоро ба Парвардигорашон арза хоҳанд дошт ва шоҳидон гувоҳӣ хоҳанд дод, ки инҳоанд, ки бар Парвардигорашон дурӯғ мебастаанд. Лаънати Худо бар ситамкорон бод;
19
онон, ки мардумро аз роҳи Худо бозмедоранд ва роҳи Худоро каҷиашро мехоҳанд ва ба охират имон надоранд,
20
Инҳо наметавонанд дар рӯи замин аз Худо бигурезанд ва ғайри Ӯ ҳеҷ ёваре надоранд, азобашон музоъаф (дучандон) мешавад. На тавони шунидан доштаанд ва на тавони дидан.
21
Инҳо ба хештан зиён расониданд ва он чиро, ки ба дурӯғ Худо мехонданд, аз даст додаанд.
22
Ба ночор дар охират зиёнкортаранд,
23
Касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста кардаанд ва дар баробари Парвардигорашон сар хам намудаанд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд.
24
Мисоли ин ду гурӯҳ мисли кӯру кар ва бинову шунавост. Оё ин ду ба мисол бо ҳам баробаранд? Чаро панд намегиред?
25
Ва Нӯҳро бар мардумаш ба паёмбарӣ фиристодем. Гуфт: «Ман барои шумо бимдиҳандае ошкорам,
26
ки ҷуз Худоӣ якторо напарастед! Зеро аз азоби рӯзи сахти қиёмат бар шумо бимнокам!»
27
Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: -Мо туро ҷуз инсоне монанди худ намебинем. Ва намебинем, ки ҷуз одамони паст ба ту пайравӣ кунанд. Ва намебинем, ки шуморо бар мо беҳтарие бошад, балки пиндорем, ки дурӯғ мегӯед».
28
Гуфт: «Эй қавми ман, чӣ мегӯед, агар аз Парвардигорам ҳуҷҷате ба ҳамроҳ дошта бошам ва Ӯ маро раҳмати хеш арзонӣ карда бошад ва шумо аз дидани он нотавон бошед, оё дар ҳоле, ки худ намехоҳед, шуморо ба зӯрӣ ба қабули Ӯ водорем?
29
Эй қавми ман, дар баробари таблиғи рисолати худ моле аз шумо наметалабам, Музди ман танҳо бо Худост. Онҳоеро, ки имон овардаанд, аз худ намеронам, онон бо Парвардигори худ дидор хоҳанд кард. Вале мебинам, ки шумо мардуме нодон ҳастед.
30
Эй қавми ман, агар онҳоро аз худ биронам, чӣ касе дар муқобили Худо маро ёрӣ хоҳад кард? Оё ҳақиқатро дарнамеёбед?
Sonraki 30 ayet →