1
Алиф, лом, ро. Ин аст оятҳоикитоби бо ҳикмат.
2
Оё мардум дар тааҷҷубанд, аз ин ки бар марде аз худашон ваҳй кардем, ки мардумро битарсон ва мӯъминонро хушхабар деҳ, ки дар назди Парвардигорашон пойгоҳе баланд доранд? Кофирон гуфтанд, ки ин мард ошкоро ҷодугарест!
3
Парвардигори шумо Оллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз биёфарид; сипас ба арш пардохт: корҳоро тадбир кард. Ҷуз ба рухсати Ӯ шафоъаткунандае набошад. Ин аст Оллоҳ — Парвардигори шумо. Ӯро бипарастед! Чаро панд намегиред?
4
Бозгашти ҳамаи шумо ба Ӯст. Ин барҳақ ваъдаи Худост. Ӯ махлуқотро биёфаринад. Он гоҳ ононро ба сӯи худ бозгардонад, то касонеро, ки имон оварда ва кори шоиста кардаанд, аз рӯи адл мукофот диҳад. Ва кофиронро ба ҷазои куфрашон шаробест аз оби ҷушону азобест дардовар.
5
Ӯст он, ки хуршедро равшанӣ бахшиду моҳро мунаввар сохт ва барояш манозиле муъайян кард, то аз шумори солҳо ва ҳисоб огоҳ шавед. Худо ҳамаи инҳоро ҷуз ба ҳақ наёфарид ва оётро барои мардуме, ки медонанд, батафсил баён мекунад.
6
Дар омадушуди шабу рӯз ва он чӣ Худо дар осмонҳову замин офаридааст, барои парҳезгорон ибратҳост!
7
Касоне, ки ба дидори Мо умед надоранд ва ба зиндагии дунявӣ хушнуд шуда ва ба он оромиш ёфтаанд ва онон, ки аз оёти Мо бехабаранд,
8
ба ҷазои корҳое, ки мекардаанд, ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст.
9
Ононро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, Парвардигорашон ба сабаби имонашон ба биҳиштҳое пурнеъмат, ки наҳрҳои об дар зери пояшон ҷорист, ҳидоят мекунад.
10
Дар он ҷо дуъояшон ин аст: «Бор Худое, Ту поКӣ». Ва ба ҳангоми дуруд салом мегӯянд. Ва поёни дуъояшон ин аст: «Шукр Худоро, он Парвардигори ҷаҳониён».
11
Агар бо ҳамон шитоб, ки мардум барои худ хайр металабанд, Худо барояшон шарр металабид, маргашон фаро расида буд. Пас ононро, ки ба дидори Мо умед надоранд, вомегузорем, то дар гумроҳии худ саргардон бимонанд.
12
Чун ба одамӣ зараре расад, чӣ бар паҳлу хуфта бошад ва чӣ нишаста ё истода, Моро ба дуъо мехонад. Ва чун он зарарро аз ӯ дур созем, чунон мегузарад, ки гӯӣ Моро барои дафъи он зараре, ки ба ӯ расида буд, ҳаргиз нахондааст. Амалҳои исрофкорон инчунин дар назарашон ороста шудааст.
13
Ва Мо мардумеро, ки пеш аз шумо буданд, чун ситам карданд ва ба паёмбаронашон, ки бо далоили равшан сӯи онҳо омада буданд, имон намеоварданд, ҳалок кардем. Мардуми гунаҳкорро инчунин ҷазо медиҳем.
14
Он гоҳ шуморо дар рӯи замин ҷонишини онҳо гардонидем, то бингарем, ки чӣ гуна амал мекунед.
15
Чун оёти равшани мо бар онон тиловат шуд, онҳо, ки ба дидори Мо умед надоранд, гуфтанд: «Қуръоне ғайри ин Қуръон биёвар ё дигаргунаш кун!» Бигӯ: «Маро нарасад, ки онро аз сӯи худ дигаргун кунам. Ҳар чӣ ба ман ваҳй мешавад, пайрави ҳамон ҳастам. Метарсам, ки агар ба Парвардигорам нофармон шавам, ба азоби он рӯзи бузург гирифтор оям».
16
Бигӯ: «агар Худо мехост, ман онро бар шумо тиловат намекардам ва шуморо аз он огоҳ намесохтам. Ва пеш аз ин дар миёни шумо умре зистаам. Чаро ба ақл дарнамеёбед?»
17
Кист ситамкортар аз он, ки бар Худо дурӯғ мебандад, ё оёти Ӯро дурӯғ мебарорад? Албатта кофирон наҷот намеёбанд!.
18
Ғайри Худо чизҳоеро мепарастанд, ки на судашон мерасонад на зиён. Ва мегӯянд: «Инҳо шафеъони мо дар назди Худоянд». Бигӯ: «Оё ба Худо аз чизе хабар медиҳед, ки дар замину осмон аз он хабаре надорад? Худо пок аст ва аз он чӣ бо Ӯ шарик месозед, болотар аст!»
19
Мардум ҷуз як уммат набуданд, миёнашон ихтилоф афтод. Ва агар на он сухане буд, ки пеш аз ин аз Парвардигорат содир гашта буд, дар он чӣ ихтилоф мекунанд, ҳукм шуда буд.
20
Ва мегӯянд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш мӯъҷизае бар ӯ нозил намешавад?» Бигӯ: «Илми ғайб аз они Худост. Интизор бикашед! Ман низ бо шумо мунтазир мемонам!»
21
Ҳар гоҳ пас аз зараре, ки ба мардум расидааст, раҳмате ба онҳо бичашонем, бинӣ, ки дар оёти Мо бадандешӣ мекунанд, бигӯ: «Макри Худо зудтар аст». Расулони Мо низ бадандешиҳои шуморо менависанд.
22
Ӯст, ки шуморо дар хушкӣ ва дар дарё сайр медиҳад. То он гоҳ, ки дар киштиҳо ҳастанд ва боди мувофиқ ба ҳаракаташон меоварад, шодмонанд. Чун тӯфон фаро расад ва мавҷ аз ҳар сӯ бар онҳо резад, чунон кн пиндоранд, ки дар муҳосираи мавҷ қарор гирифтаанд, Худоро аз рӯи ихлоси ақида бихонанд, ки агар моро аз ин хатар бираҳонӣ, аз шукргузорон хоҳем буд.
23
Чун Худо онҳоро бираҳонад, бинӣ, ки дар замин ба ноҳақ саркашӣ кунанд. Эй мардум, ин саркашӣ ба зиёни худатон аст. Манфиатест дар ин зиндагии дунявӣ. Он гоҳ ҳама ба назди Мо бозмегардед то аз корҳое, ки мекардаед, огоҳатон созем.
24
Мисоли ин зиндагии дунё чун боронест, ки аз осмон нозил кунем, то ба он ҳар гуна растаниҳо аз замин бирӯяд, чӣ онҳо, ки одамиён мехӯранд ва чӣ онҳо, ки чорпоён мечаранд. Чун замин зинати худ баргирифт ва ороста шуд ва мардумаш пиндоштанд, ки худ қодир бар он ҳама будаанд, фармони Мо шабҳангом ё ба рӯз даррасад ва чунон аз бехаш барканем, ки гӯӣ дирӯз дар он макон ҳеҷ чиз набудааст, Оётро барои мардуме, ки меандешанд, инчунин тафсил медиҳем.
25
Худованд ба сарои саломат даъват мекунад ва ҳар киро бихоҳад ба роҳи рост ҳидоят мекунад!
26
Музди онон, ки некӣ мекунанд, некист ва чизе афзун бар он. На сияхрӯй шаванду на хор. Инҳо аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд.
27
Ва барои онон, ки муртакиби бадиҳо шаванд, музди ҳар бадӣ монанди он аст ва хори бар онҳо ғолиб мешавад. Касе онҳоро аз хашми Худо нигаҳ намедорад, чунон шаванд, ки гӯё сураташон дар порае аз шаби торик пушида шуда аст. Инҳо аҳли ҷаҳанаманд ва ҷовидона дар он ҳастанд.
28
Ва рӯзе ҳамаи онҳоро дар маҳшар гирд оварем. Сипас мушриконро гӯем: «Шумо ва бутҳоятон дар макони худ қарор гиред!» Сипас онҳоро аз якдигар ҷудо мекунем ва бутҳояшон мегӯянд: «Шумо ҳаргиз моро намепарастидаед».
29
Худо ба гувоҳӣ миёни мову шумо кофист, ки мо аз парастиши шумо ҳаргиз огоҳ набудаем.
30
Дар он ҷо ҳар кас ҳарчӣ кардааст, ҷазоашро хоҳад дид ва ҳамаро ба сӯи Худо — мавлои ҳақиқиашон бозмегардонанд ва ҳамаи он бутон, ки ба ботил мепарастиданд, нобуд мешаванд.
Sonraki 30 ayet →